Бозгашти Шарофиддин Гадоев ба ватан

Ин сатрҳоро пеш аз хондан як сӯ истад баъди шунидан ба ҳайрат афтидам, ки Шарофиддин Гадоев худаш аз ному насабаш маълум, ки миллату динаш чӣ мебошад, ҳар як солимфикр албатта дарк менамояд, ки дини ӯ мусулмонисту миллаташ ё тоҷик ва ё ӯзбек аст. Акнун чӣ тавр ӯ ба ватан бармегардад? аз куҷо? барои чӣ? ва барои аниқ намудани ҷавоби ин саволҳо ба шабакаҳои ВАО дохил гардидаму хондам, ки ...

Хайр акнун ба ватани бегонагон не ба сарзамини хуни нофаш рехтааш баргаштааст гуфта худро таскин додам ва боз ба интиҳои фикрам нарасидам. Ниҳоят боз андешидам, ки ба ҷавонони мо бозгашти Шарофиддин Гадоев дарси ҳаёт гардад, то онҳо ба хатогиҳои ӯ рӯйоварда рӯ ба рӯ нашаванд ва барои пешгирии он хатогиҳо, яъне ба фитнаву иғвоҳои душманони миллат надаромадан кӯшанд. Дар қатори ин дӯстону ҳамнишастони худро бохабар намоянд, ки ҳизбҳои ба ҷамъият бегона қодир ҳастанд, ки ҷавононро барои ҷалб намудан ба корҳои номатлубу ношоям ҳар корро ба анҷом мерасонанд, ки ба назари он ғулом гардидагони фикру ақидаҳои зидди ҷамъиятии муосир, ватан як сӯй истад модару фарзандонашон низ наметобанд.

Акнун ба душманони миллат боз як мавзӯъ пайдо шуд, ки дар гирди он мавзӯъ чарх зада чарх зада давлати соҳибистиқлоли мо Тоҷикистонро ягон–ягон дар мобайнаш наҳ зада монанд ва худро бо ин кирдорашон таскин диҳанд. Ин тавр бошад ҳам халқи сулҳпарвари тоҷик таҳти ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марзу буми Тоҷикистонро аз душманони хориҷиву дохилӣ муҳофизат менамояд ва мекӯшад, ки дурӯғу иғвоҳои душманони мамлакатро ба хокистар табдил диҳад.

Шарофиддин Гадоевҳо барин ба қавли худ гӯиё қаҳрамонон дар ҷамъияти муосир ҳоло кам нестанд, худи онҳо ба кирдору рафтор ва муносибатҳояшон бо халқу давлат танҳо зарари маънавӣ мерасонанд. Вақт нишон медиҳад, ки онҳо ҳаққанд ё ноҳаққанд, аммо бигзор душманони миллат табли шодиашонро задан гиранд, ба гуфти халқ “Давидани гӯсола то каҳдон”

Баъди ин воқеот душманони миллат намедонанд, ки чӣ тавр дар бораи ихтиёран ба ватан баргаштагон бӯҳтонҳои нав ба нав эъҷод кунанд.


Саидов Мусо Маҳмудович,

мудири кафедраи забони олмонӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ