Бозгашти Шарофиддин Гадоев ба Аврупо

Рӯзи 2-марти соли равон Ш. Гадоев тавассути хатсайри Душанбе – Франфурт ба Аврупо бозгашт. Чунин ҳолат боиси сар задани баҳсу мунозираҳои зиёд дар шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ гашт. Вақте ки санаи 15 – феврали соли равон Ш. Гадоев ба Тоҷикистон омад, намояндагони гурӯҳҳои фаъолияташон дар Тоҷикистон мамнӯъшуда барои сиёҳ намудани фаъолияти Ҳукумати имрӯзаи кишвар шитофтанд ва хостанд ин вазъияти ба амаломадаро ба фоидаи худ ҳал намоянд. Барои зудтар расидан ба ин ҳадафҳо, онҳо кӯшиш намуданд диққати кишварҳои Аврупо ва созмонҳои ғайридавлатиро (масъалан Human Rights Watch) ба масъалаи ғайби ногаҳонии Ш. Гадоев ҷалб намуда бошанд. Аммо барои равшани андохатан ба ин қазия, наворе дар сомонаҳои интренетӣ ҷой дода шуд, ки дар он Ш. Гадоев бидуни ягон фишор оиди пушаймонии худ аз корҳои кардааш ҳарф мезанад. Аз шахсони худро мухолифини Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон меҳисобида даъват ба амал меорад, ки ба кишвар баргарданд ва хатогиҳои ӯро такрор накунанд. Дар навор иқрор мешавад, ки воқеан Тоҷикистон ба пешравиҳои назаррас ноил гаштааст ва аз ин лиҳоз онҳоро месазад аз ҳадафҳои ғаразноки худ даст кашанд ва сулҳу суботи кишварро ба хатар нагузоранд.

Аммо ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, фаъолони гурӯҳҳои дар Тоҷикистон мамнӯъшуда изҳор намуданд, ки Ш. Гадоевро дар шаҳри Москваи Россия кормандони мақомотҳои дахлдори кишвар дастгир намуда, зӯран ба ватан баргардониданд, ки аслан ягон асос надорад. Мардуми шарифи Тоҷикистон ба қазияи зӯран рабуда шудани Ш. Гадоев дар шаҳри Москва бовар надоранд, зеро ки ин гуна амалҳо хилофи қонунанд. Илова бар ин, Тоҷикистон солҳои охир бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва шаҳрвандиро ҳадафи асосии худ қарор додааст. Авф ва бозгашти Ш. Гадоев ба Аврупо ин гуфтаҳоро пурра тасдиқ менамоянд.

Солҳои охир Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор дастоварҳои бузург дар ҳамаи соҳаҳои муҳими кишвар ноил гардидааст. Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ҳар сол ба ҳисоби миёна тақрибан 7-8% рушд карда истодааст, ки дар сатҳи байналмиллалӣ бисёр нишондиҳандаи хуб аст. Лекин ҳамагон итминони комил доранд, ки барои идома додани сиёсати башардӯстона ва расидан ба ҳадафҳои созанда бояд сулҳу суботи ҷомеа ва амнияти давлат таъмин карда шавад.

Кафедраи сиёсатшиносӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ