Боз як низоъи тоҷику кирғиз
Аз интишори расонаҳои хабари маълум гашт, ки санаи 5-уми августи соли равон мардуми ҷамоати Овчи -калъачаи ноҳияи Бобоҷон Гафуров ҳангоми баргузории корҳои ободонӣ аз тарафи раиси деҳаи Мақсади ноҳияи Лейлаки вилояти Боткенти Ҷумҳурии Кирғизстон бамайдончаи варзишии ин ҷамоат, ки бамтму № 8ҷамоати Овчи – калъача тааллуқ дорад барои гузаронидани корҳои ободони ҳалалдор менамояд. Раиси деҳаи Мақсад Сафарбек Айдинаев бо ҳар роҳ меҳоҳад байни тоҷикону қирғизҳое, ки дар назди сарҳад зиндагонӣ мекунанд низоъ барпо намояд. Кирғизҳо иброз доштанд, ки майдончаи варзиши ба Ҷумҳурии Кирғизстон таалуқ дошта ин майдончаро ба бозор табдил додаанд. Ҳоло,киба гуфтушуниди президентҳои ду кишвар моҳе ҳам нагузаштааст аммо тарафиқирғизҳо яъне шахсони алоҳида ба монанди раиси деҳаи МақсадСафарбек Айдинаев барин шахсоннамехоҳан, ки дўстии ду халқи бародар, ки даҳсолаҳоро дар бар мегирад устувор гардад.
Аз давраҳои қадим ду миллат ҳам тоҷиконуҳам қирғизондар минтақаҳои назди сарҳади бо ҳам доду гирифт дошта дар фазои ороми зиндагонӣ мекарданд.Имрўз бошад як шахс ба монанди Сафарбек Айдинаев мехоҳад дустии халқҳои тоҷику қирғизро вайрон кунанд. Зеро як амали ин шахс ҳаёти даҳҳо нафарро ба зери хатар мегузорад. Мо мардуми сулҳдўст намехоҳем, ки байни мардуми тоҷику қирғиз моҷаро вуҷуд дошта бошад, мо ҳама вақт тарафдори муносибатҳои дўстона буда, намегузорем, кипорае аз ин минтақа ҷудо шавад.
АКВА