Боз як хабарҳои пучи ҲНИ дар сомонаҳои интернетӣ

Барои дар сулҳу субот нигоҳ доштани Ватани азизамон Тоҷикистон имрузҳо бо зањмату талошҳои пайвастаи Асосузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бениҳоят бузург аст. Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз пош хурдани Иттиҳоди Шуравӣ то як муддат дар зери фишори қувваҳои беруни қарор дошт, инчунин шахсиятҳои бадхоҳи давлат хостанд, ки кишварро дар як ҳолати ноороми қарор диҳанд, ва ҳаминтавр ҳам шуд.

Лекин имруз боиси хушбахтист ва сарфарозист, ки дар асоси сиёсати хирадмандона ва дурандеши сиёсатмадори варзида, ки Асосузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сабаб гардид алангаи ҷанги шаҳрвандӣ хомуш карда шуд ва дар кишвар сулҳ барқарор гардид. Лекин дар ҷомеаи имруза шахсиятҳои бадҳоҳи давлат ҳастанд, ки тавассути сомонаҳои интернетӣ бо ҷорӣ кардани хабарҳои нодуруст ва беасос мехоҳанд мақсадҳои ғаразонаи худро иҷро кунанд.

Имруз шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон даркменамоянд, кидӯст ки ҳасту, ки душман. Имруз халқи Ҷумҳурии Тоҷикитсон“сиёҳро аз сафед” ҷудо карда метавонанд. Лекин он шахсиятҳое, ки дар хориҷи мамлакат истода бар зидди давлати худашон амалҳои нопоки худро амалӣ гардонида истодаанд магар ин хандаовар нест, зеро нону намаки ин сарзаминро хурда боз дар ҷавоб бо амалҳои ғаразона даст зананд. Боз дар орзуе ҳастанд, ки мардум онҳоро барои иҷрои амалҳои ғаразонаашон дастгирӣ ҳоҳанд кард, вале ин тавр нахоҳад шуд. Чунки имруз шаҳрвандони кишварро танҳо як чиз бо ҳам мепайвандад ин ҳам бошад меҳри Пешвои муаззами худ Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки дар асоси боварии он шахс имруз дар қалби ҳар як шаҳрвандони кишвар ҳисси ватандустиро бедор хоҳанд кард. Медонед амалҳои нопоке, ки шумо солҳои 90-ум иҷро кардани будед, тири шумо хок хурд ва дигарбора шаҳрвандони боору номуси миллати тоҷик харгиз намегузоранд, ки он воқеаҳо бори дигар такрор шавад.

Ҳоло дар хориҷи мамлакат истода бо њар гуна хабарҳои дурӯғ нисбати сиёсати имрузаи давлат ва сиёҳ кардани он дар ҳар гуна сомонаҳои интернетӣ ин барои Шумо чӣ нафъ дорад? Медонед ин амалҳо танҳо барои ороми қалби шумо ва аз бенатиҷагии корҳои шумо далолат медиҳад. Магар хаста нашудед? Худи Шумо нағз медонед, ки амалҳои шумо ягон маъние надорад. Шумоён танҳо бозичаи шахсони абарқудрат ҳастед. Имрузҳо боз дар сомонаҳои интернетӣ бо ҷорӣ кардани хабарҳои нодурусти худ дар бораи Радиои озодӣ ва ба нафъи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардани онро қайд кардед, магар ин хандаовар нест? Маълум аст, ки рӯзноманигорњамчун шахси бетараф бояд воқеиятро бидуни андешањои шахсӣ инъикос намояд. Зеро, он амалҳое ё ин, ки маълумотҳое, ки дар бораи Ҳизби назҳати исломӣ дар сомонаҳои интернетӣ ё худ дар Радиои Озодӣ паҳн гардидааст рӯирост дар бораи амалҳои номатлаби ин гуруҳҳои иғвоангез дар кишвар дар ҳақиқат рост мебошад. Зеро, ки он амалҳое, ки шумоён моҳи сентябри соли 2015 ба анҷом расонидани будед хостед ба ин сулҳу салоҳи кишвар тухми адоватро пош диҳед ва ин амалҳои шуморо Ватан ҳаргиз нахоҳад бахшид ва аз тарафи фарзандони далери мамлакат ин нақшаи шумо барбод дода шуд. Имруз шаҳрвандони кишвар ин ҳизбро ҳамчун ҳизби террористию эктремистӣ мешиносанд.

Имрузҳо дар ҳақиқат дар бораи Асосузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин дар бораи макомотҳои қудратӣ он чи қадаре, ки дар сомонаҳои интернетӣ, дар рузномаю маҷаллаҳо, сухан ронем кам аст, зеро Пешвои муаззами миллат сабаб гардиданд, ки дар кишвар сулҳ барқарор гардад ин кишвари биҳиштосои моро ба ғайр аз худи шаҳрвандони кишвар каси дигаре бунёд нахоҳад кард. Ва фарзандони далеру шуҷои мамлакат дар роҳи дифои он доимо омода њастанд ва намегузоранд ба ин кишвар бо чашми бад нигоҳ кунанд.

Изҳороти устодони кафедраи сиёсатшиносӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ