Боз як ғамхории Пешвои миллат нисбати ҷавонон

Чӣ хеле ки ба ҳамаи мо маълум аст, дар шароити имрўза рушди илму технологияи информатсионӣ бисёр муҳим буда, кори одамонро осон кардааст. Интернет барои боз ҳам беҳтар кардани муошират байни халқиятҳо муосидат мекунад ва оммаи халқ аз ахбороти сиёсӣ бархурдор мегарданд. Бояд қайд кард, ки имрўзҳо истифодабарандагони интернет рўз то рўз афзуда истодаанд ва муошираткунандагон асосан аз сафи ҷавононанд.

Гуфтан ҷоиз аст, ки рўзҳои наздик баландшавии нархи хизматрасонии интернет шаҳрвандони ҷумҳуриро ба ташвиш овардааст. Барои он ки дар рафти муоширати байниҳамдигарӣ, ки дар рафти муоширати байниҳамдигарӣ, ки дар шароити имрўза бисёр одамон дар муҳоҷирати меҳнатӣ ҳастанд ва бо ҳамдигар ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ бо пайвандонашон ҳамешагӣ муошират менамоянд.

Аз ҷиҳати дигар, баъзе аз ташкилотҳои ғаразнок аз ин суйистифода намуда, мардум ва Хукумати мамлакатро бо овозаҳои ғаразноку беасоси худ вобаста ба болоравии интернет халалдор месозанд.

Дар ҳақиқат, албатта бо технологияҳои информатсионӣ пеш рафтан ба ҷомеа муҳим мебошад, аммо қайд кардан бамаврид аст, ки новобаста ба синну сол ноболиғон, ҷавонон низ аз сомонаҳое, ки ба синну соли онҳо мувофиқ нест, истифода мебаранд.

Гуфтан ҷоиз аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2011 Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» қабул шудааст, то ки волидон масъулиятро нисбати тарбияи фарзанд дучанд намуда аз кирдорҳои онҳо бохабар бошанд.

Шабакаи интернет яке аз воситаҳои беҳтарини гирифтани маълумот мебошад, ки ҳамаи инро ба инобат гирифта, Сарвари муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи он навигариҳое, ки аз тарафи баъзе аз масъулони соҳаҳои дахлдор бе шинос намудани Ҳукумат ба мардум пешкаш намуданд, манъ карданд ва инро дар баромади худ махсус қайд карданд. Умуман, Сарвари муаззами миллат ғамхори халқ ҳастанд ва фақат барои нафъи мардум мекўшанд. Мо мардуми тоҷик бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтихор мекунем.

Эсхата

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ