Босмачиён дар ҳар давру замон бар зидди маърифату навовариҳо буданд
Таърих собит намудааст, ки дар ҳар давру замон гурўҳҳои реаксионӣ, яъне иртиҷоие вуҷуд доштанд, ки нисбат ба ҳама гуна навоварӣ бо назари шубҳа менигаристанд. Агар ибтидои асри XX-ро ба хотир орем, ҳамин гурўҳи эътирозӣ, ки зидди илму маърифату навовариҳо буданд, ҳаракати босмачигариро ташкил карданд. Онҳо бунёди беморхонаҳо, хати роҳи оҳан, барқ, алоқа ва мисли инро «куфр» эълон мекарданд. Аз ин рў, кадоме аз онҳо ба ҷомеа бештар манфиат расонидаанд? Болшевикони «кофир»-е, ки мактабҳои маҳви бесаводӣ мекушоданду мардуми камбағалро соҳиби маълумот, касбу ҳунар, замин, фабрикаву завод мекарданд ва ё босмачиёни «мусалмон»-е, ки ба хотири ҳимоя аз сохти феодалӣ, ҷаҳолат ва хурофот ҷиҳод мекарданд ва мафкураи ҷомеаро ба андозае заҳролуд менамуданд, ки то дер мардум автомобилу поездро «шайтонаробаю оташароба» меномиданд.
Солҳои 90-уми қарни гузашта низ, вақте ки насими ҳувияту демократия вазид, қабл аз ҳама, ҳамин тоифа ноором шуданд, ошўб бардоштанд ва ҳангоме ки кишварҳои ҳамҷавори мо орому осуда мероси Иттиҳоди Шўравиро тақсим мекарданд, ҷумҳурии моро ба коми оташу ҷанг кашиданд. Давлат ва артишро фалаҷ карданд. Боз ҳамон афсонаҳои «шайтонаробаро» бо оҳанги дигар такрор менамуданд. Хушбахтона, бо талошҳои Пешвои хирадманду заковатпеша Эмомалӣ Раҳмон ба тоҷикистониён соли 1997 паёми оштии милӣ ва сулҳу ваҳдат расонида шуд. Тоҷикистон дар роҳи эъмори давлати демокративу ҳуқуқбунёд, дунявиву ягона устуворона қадам гузошта, то ин дам ба комёбиҳои назаррас ноил шуд.
Аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардида, ба танзими муҳимтарин рукнҳои ҳаёти иҷтимоӣ, анъана ва маросимҳои миллию динӣ рӯ оварда, барои мувофиқ намудани баргузории онҳо ба манфиати иқтисодӣ, устувории ҳаёти ичтимоӣ ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон мусоидат намуд.
Мутаассифона, ин раванд ҳам аз нигоҳи босмачиён мавриди танқид қарор гирифт. Ин навбат баҳонаи онҳо маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва русуми ниёгон гардид.
Дар қонун ҳаргиз баҳс дар мавриди маҳдуд кардани ҳукуқхои сокинон, расму оини миллӣ ва ё суннатҳоимардумӣ намеравад. Ҳадафи асоси қонун, баръакс, даст кашидан аз урфу одатҳои сунъиву хурофотӣ ва камхарҷ кардани маъракаву маросимҳост. Мо бояд иқрор шавем, ки то ҳанўз дар ҷомеаи мо маҳфуми «буҷети оила» вуҷуд надорад. Ин яке аз иллатҳои асосии исрофкорӣ дар ҷомеа аст. Бинобар ин, мо бояд беҳтарин анъана, расму оин ва арзишҳои миллии худро ҳифз намуда, аз урфу одати нолозим ва ба мо таҳмилшуда даст кашем.
Қонун, пеш аз ҳама, барои ҳимояи ҳолати рӯҳии мардум, ҳифзи сармоя, яъне ҳимояи манфиатҳои сокинони кишвар ва аз байн бурдани хурофоту зиёдаравиҳост.
Эҳтиром ба қонуни миллӣ ин эҳтироми миллат ва арзишҳои давлатдорист. Аз ин рӯ, бояд ҳамагон дар татбиқи босамари ин санади муҳиму зиндагисоз талош варзем.
Озодандеш