Бори каҷ ба манзил намерасад...

Мусаллам аст, ки барои сохтани давлати пуриқтидори миллӣ қалами буранда ва наққошии моҳиронаи худшиносии миллӣ ба мисли воридшавии ҳаво ба шуши инсон лозим ва муҳим мебошад, ки дар замони ҷаҳонишавӣ муҳофизгари арзишҳои миллӣ будан кори душворест. Пеш аз ин Пешвои муаззами миллат халқи тоҷикро ба худшиносии миллӣ даъват намудааст ва ба дилу дидаи ин мардуми аззияткашида умеди тоза бахшидааст: “Мо чеҳраи хоси миллӣ, забони ширину шевои шоирона, таърих, адабиёт ва фарҳанги ғановатманд, мазҳаби таҳаммулгаро, расму ойини миллӣ, хулоса, аз муҳити хонавода то шаҳрдориву давлатдорӣ тамоми арзишҳои миллиро дорем ва бояд ифтихор намоем...”

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон чунин изҳор дошта буданд, ки: “Зарур медонам ва таъкид менамоям, ки пешрафти босуботи давлат ва ҷомеа, пеш аз ҳама, ба таъмини амният, волоияти қонун, таҳкими тартиботи ҷамъиятӣ ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд асос меёбад.

Таъмин намудани тартиботи ҳуқуқӣ, амнияти давлат, суботу оромии ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин, мубориза бо ҷинояткорӣ вазифаи бевоситаи хизматӣ ва қарзи виҷдонии ҳар як корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҳисоб меравад”.

Боиси нигаронист, ки имрӯз иддае аз мардуми дур аз илму маърифат ва беиродаву ноқис барои ночизтарин молу сарват даст ба амалҳое мезананд, ки ба ҳастиву оромӣ ва обрӯву эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ таҳдиду иснод меоварад.

Ҳуқуку озодиҳои шаҳрвандон, масоили рушди иқтисод, назоратиистифодаи мақсадноки маблағҳоидавлатӣдар Тоҷикистон имрўз роҳи ҳалли худро комилан ёфтааства ба дахолати ягон давлати бегона ниёз надорад.МардумиТоҷикистони соҳибистиқлол, алалхусусҷавонон, ки табиатансулҳхоҳу сулҳдўсту сулҳофаранд,азрух додани чунинҳодисаҳохулосаҳои зарурӣбароварда, барои доғ наоварданба миллату модаркўшишменамоянд, чункибарои инҳамаишароиту имконият:Ватани ободу озод, табиатибиҳиштосо, сарвариоқилу доно, адабиёти бою фарҳангутамаддуниинсонгароёнаросоҳибӣ доранд.

Изҳороти устодони кафедраи назария ва методикаи таълими забони модарии факултети педагогӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ