Болоравии нархи интернет ва ҷиҳатҳои мусбии он

Ҳамагон хуб медонанд, ки ҳизбу ҳаракатҳои мухолиф маҳз бо тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ мафкураи ҷавононро вайрон намуда, ақидаҳои ифротии хешро байни мардум тарғиб менамамоянд. Ба ин васила онҳо байни мардум тухми кина кошта, ба мақсадҳои разилонаи хеш расидан мехоҳанд. Масъалаи болоравии нархи интернетро як муаммои муҳим карда ҷомеаро вайронкардан мехоҳанд.

Чанд рўзи охир дар ҷомеа масъалаи болоравии нархи интернет вирди забони ҳамагон гардидааст. Мардум дар шабакаҳои иҷтимоӣ вокунишҳои гуногун навишта истодаанд, ки аксари онҳо манфӣ мебошанд. Аммо дар баробари ҷиҳатҳои манфӣ болоравии нархи интернет якчанд ҷиҳатҳои мусбиеро дорад, ки мардум ба ин аҳамияти ҷиддӣ надода истодаанд. Ҳеҷ коре бидуни сабаб иҷро намегардад. Болоравии арзиши интернет сабаби худро дорад. Яке аз онҳо ин ғайримақсаднок истифода бурдани он мебошад. Мардум соатҳо дар назди экран нишаста, аз наздикону пайвандонашон шуданд. Агар интернет қиммат шавад одамон камтар вориди он мешаванду вақти худро бештар ба корҳои муфид, ба монанди китобхонӣ, сайругашт, муносибати дўстона, мустаҳкамсозии муносибатҳои хешутаборӣ ва амсоли он сарф менамоянд.

Солҳои охир тавассути интернет-расонаҳо ҳуҷуми фарҳанги бегона хеле шиддат гирифтааст. Агар нархи интернет боло бардошта шавад, мардум фақат барои корҳои зарурии хеш интернетро истифода мебаранд ва аз тақлид ба фарҳанги бегона худдорӣ менамоянд. Имрўзҳо якчанд муаммоҳое ҳастанд, ки моро ба ташвиш водор месозанд, ба монанди вобастагии насли ҷавон ба интернет ва пурра ба он тобеъ будани онҳо. Ҷавонон дар шабакаҳои иҷтимоиву мессенҷерҳо дўстӣ пайдо мекунанд ва на ҳама оқибатҳои хуб дорад. Бо баробари болоравии нархи интернет гуруўҳҳои ифротгарои минбари ташвиқу тарғиби ақидаҳои худро аз даст медиҳанд.

Кафедраи сиёсатшиносӣ - АКВА

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ