Бояд чунин зист!
Вақте , ки мақолаи бардуруғро бо номи “Дигар чунин зистан намешавад’’-ро дар сомонаи интернетӣ мутолиа намудам боз як бори дигар ба разилияти баъзе ашхосони бадхоҳ боваргии комил пайдо кардам.
Онҳо чиро дар назар доранд? Пешравии тамоми соҳаҳои хоҷагии халқро, осмони софу беғуборро, хандаи чаҳ-чаҳбори кӯдаконро албатта не! Онҳо инро дарк карда наметавонанд, барои онҳо ин фақат фитна, паҳн кардани хабарҳои бардурӯғ ва шири сафедро сиёҳ нишон додан аст.
Гуё сиёсати дохилии Тоҷикистонро ҳамчун сиёсати ниҳонии норозиёна гуфта шарҳ додан мумкин бошад ва ин сабаби ноороми ва ба вуҷуд омадани анархия мегашта бошад.
Ба Тоҷикистон ҳодисаҳое, ки дар Қазоқистону Қирғизистон ба вуҷуд омада буданд мисол оварда шудааст. Охир онҳо оё пай намеберанд, ки пеш аз ҳама мо халқи куҳанбунёд ва маърифатпеша ҳастем ва намегузорем, ки чунин шахсони бадхоҳ бо чунин чунин суханҳои фитнаангез ба сулҳу Ваҳдати мо хатар ангезанд.
Аз рӯи суханҳои онҳо мардум танҳо зоҳиран тарафдори баромадҳои телевидения, радио ва мақолаҳое, ки чоп мешаванд ҳастанд, ботинан бошад нисбати сиёсати Тоҷикистон нафрат доранд.
Мо ба онҳо гуфтанием! - ба суханони вайронкорон ва ашхосони ботину зоҳир нафратовар бовар надорем! Ватанамонро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз мекунем ва дӯст медорем.
Сол аз сол сатҳу сифати зиндагонии мардум баланд шуда истодааст ва ин боиси ифтихор ва сарбаландист!
Дигар зерсарлавҳа “Таҳлилгарони муҷизаофар” ном дорад, рӯйирост пешравии давлату миллати моро дида натавонистанашонро нишон дода истодаанд.
Вақте дар бораи иқтисодиёт сухан меронем мо набояд фаромӯш кунем, ки тамоми давлатҳои рӯйи олам доду гирифт доранд ва албатта қарздор мешаванд ва соф ҳам мекунанд.
Аз як тараф истодо онҳо лоф мезананд лекин барои ободии мо чӣ кореро ба сомон расонидаанд?
Мо ҷавонон ба онҳо гуфтанием, ки дар таҳти роҳбарии одилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати пешакардаи он кас давлатамонро гул-гул мешукуфонем.
Кафедраи умумидонишгоҳии фалсафа