Бо пули сипоҳ даст ба инқилоб
Ташкилоти экстремистиву террористии Ҳизби наҳзати исломӣ аз зумраи созмонҳои ифротие ба ҳисоб меравад, ки зери парастории хоҷагони хориҷии худ аз солҳои 70-уми асри гузашта то кунун фаъолияти ифротии худро бурда истодааст.
Аз зумраи хоҷагони хориҷии наҳзат маҳз Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эронро номбар намудан зарур аст. Сипоҳи мазкур аз ҷониби роҳбари инқилоби исломии Эрон, руҳонии мутаассиб ва тафриқанадозӣ барҷаста Оятулло Имом Ҳумайнӣ ташкил карда шуд, то кунун ҳамчун мақомоти расмии давлати Эрон дар Конститутсияи он дарҷ гардидааст. Айни ҳол посдорони инқилоб зиёда аз 125 ҳазор нафар ташкил дода, онҳо ҳамчун қаноти рости Роҳбарияти олии Эрон баромад мекунанд.
Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ҳизби ифротии наҳзати исломӣ чун тарафи даргири муноқишаҳои ҳарбиву сиёсӣ бо ҳокимияти конститутсионӣ баромад менамуд. Баъди ба сари қудрат омадан ва эҳёи ҳокимияти конститутсионӣ дар шаҳри Душанбе ва гирду атрофи он размандагони наҳзатӣ ба камин гузашта, аз шикасти пай дар пай роҳ ба суи Афғонистонро пеш гирифтанд. Маҳз дар солҳои ғарибӣ роҳбарияти олии наҳзат зери дастгирӣ, пуштибонӣ ва кумакҳои ба ном хайрхоҳонаи давлати ба мо дусту бародар Ҷумҳурии Исломии Эрон монданд. Дар ҳамин ҳол ҷониби Эрон барои тақвияти сиёсати худ дар минтақа ва ба амал овардани як инқилоби навбатӣ дар Тоҷикистон тайёрӣ медид. Дар ин кор маҳз Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон мутасаддӣ гардида буд. Вазифаи аввалиндараҷаи Сипоҳи мазкур ин ба нафарони ҷангҷуй, авантюрист ва ба ном озодихоҳро ёрии модиву маънавӣ пешниҳод мекарданд. Ва ҳамин раванд нисбати Ҳизби наҳзати исломӣ ва Иттиҳоди неруъҳои мухолифини тоҷик, ки зери роҳбарии Сайид Абдуллоҳи Нурӣ қарор дошт дида мешуд. Дар баромади худ собиқ аъзои ҳизби мазкур Эшони Айёмиддин баъди баргаштан аз Аврупо тавбаи насуҳ карда, иқрор гардид, ки на танҳо дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ балки тули ин солҳо ҳам ва ҳатто дар табаддулоти давлатии соли 2015 дасти Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон калон аст. Аз ҷумла дар урдугоҳҳои Қум ва Мозандарон машқҳои ҳарбиро ба аъзоёни фаъоли Ҳизби наҳзат ёд медоданд ва онҳоро барои адои рисолати аслӣ, яъне таркишу қатлу куштор равона месохтанд.
Иқдоми Амрикоро нисбати Сипоҳи посдорони инқлоби исломиро чун ташкилоти террористӣ эълон намуд ва онро бар рӯйхати ташкилотҳои ифротии ҷаҳонӣ дохил карданист. Вазири корҳои хориҷии Амрико, Президенти он Доналд Трамп ин иқдомро сари вақтӣ эълон намуданд ва ҳамчунин ҳар ду палатаи Конгресси Амрико аз он пуштибонӣ карданд.
Пас дар ин ҷо саволе ба миён меояд, ки вазъияти кунунии ТЭТ ҲНИ, Паймони ба ном миллии Тоҷикистон дар кадом ҳолат аст? Кабирӣ баъди мутолиаи хабари мазкур мумкин аст дар ҳолати асабонӣ буда, дар озмоишгоҳҳои бонуфузи Аврупо табобати равонӣ гирифта истодааст. Муҳиддин Кабирӣ дар ҷустуҷӯи хоҷаи нав қарор дорад. Зеро пулҳои додаи хоҷаи куҳна то чанд рузи дигар мерасаду халос.
Қурбонов Ҳ.Ш.