Бо Президентам ифтихор дорам!

Муҳимтарин дастоварди таърихи навини тоҷикин Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ ва густариши сулҳу осоиштагӣ дар мамлакат маҳсуб меёбад.

Барои ба ин дастовардҳо расидан чӣ қадар мушкилиҳоро паси сар карда халқи тоҷик бо Пешвои муаззами худ Эмомалӣ Раҳмонба ин дастовардҳо ноил гардид.

Густариши муносибатҳои байналхалқӣ бо давлатҳои дуру наздик, эълон шудани сиёсати «дарҳои кушод» дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Перзиденти мамлакат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи истиқлолият ба чӣ қадар дастовардҳо ноил гардида, дар роҳи сулҳу ваҳдати миллӣ нақши шарикони хориҷӣ басо бузургу ногусастанӣ аст.

Кайд кардан бамаврид аст, ки соҳаи муносибатҳои байналхалқӣ яке аз соҳаҳои муҳим ба шумор меравад ва дар арсаи ҷаҳонӣ обрўву нуфузи Тоҷикистон рўз то рўз афзуда, ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба проблемаҳои глобалии ҷаҳон мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз тарафи мамлакатҳои ҷаҳон пазируфта шуда истодаанд.

Аммо боз ҳам ҳамон гурўҳҳои ифротӣ ҳастанд, ки ба ин дастовардҳо бо нигоҳи бад назар карда, чӣ қадаре метавонанд ақидаҳои ғаразноки худро вобаста ба сиёсати имрўзаи Тоҷикистон паҳн менамоянд. Ҳатто то ба дараҷае аз худ рафтаанд, ки дар доираи сафарҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба давлатҳои Аврупо неши заҳролуди хуро барои задан омда ҳастанд. Бо кадом мақсад? Боз ҳам ҳокимият? Охир халқи тоҷик кайҳо аз мақсадои ғаразноки онҳо бохабар аст ва ба сиёсати пешбарандаи Сарвари давлат иродаи мустаҳкам дорад ва он гирдиҳамоиҳое, ки дар паҳлўи аврупоиён истода ин гурўҳҳои ифротӣ мегузаронанд умуман боварӣ надорад ва сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлатро бод илу иродаи нек дастгирӣ менамояд.

Мо халқи шарафманду сарбаландитоҷик бо Пешвои худ ифтихор дорем ва пайваста кўшиш менамоем, ки ба боварии он кас сазовор гаштаобрўву нуфузи Тоҷикистони азизамонро дар арсаи байналхалқӣ боз ҳам баланд намоем.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ