Бо ниқоби ислом…

Таҳлилҳои сиёсӣ нишон медиҳад, ки вақтҳои охир дар ҷомеа ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва тафриқаангез ҳарчи бештар кӯшиш мекунанд, ки амалҳои номатлуб ва хиёнаткоронаи худро содир намуда, дар ин аъмоли зишти хеш ҷавонон ва шахсони ноогоҳро ҷалб намоянд.

Пӯшида нест, ки ин тоифа гумроҳон барои амалӣ намудани нақшаву ниятҳои тахрибкоронаи хеш ниқоби дини мубини исломро ба бар намуда, мардумро рӯйрост ба гумроҳиву хиёнат ба давлату миллат ҳидоят мекарданд.

Гурӯҳи хиёнаткорон ва ба ном мухолифин бо сарварии роҳбари ин ташкилот акнун ҷиҳати амалӣ намудани нақшаву ниятҳои нопоки хеш бо ниқоби «Паймони миллии Тоҷикистон» суханронӣ намуда истодаанд.

Акнун баҳри амалӣ намудани нақшаҳои нопоки хеш ин қабил афроди ҷинояткор барномаҳои гуногуни иғвогаронаро таҳия намуда, хостори ҷалби бештари ҷавонон ва мардуми осоишта ба сафҳои хеш мебошанд. Вобаста ба ин ба хоинони миллати тоҷик дар симои Муҳиддин Кабирӣ, Алим Шерзамонов, Темур Варқӣ, Илҳом Ёқубов, Шарофиддин Гадоев ва дигарон муроҷиат намуда, гуфтанием, ки бо баргузор намудани ҳазорон митингу раҳпаймоӣ ва иваз намудани номи ташкилотҳои ифротии хеш шумо нохалафон дигар имкони ба боварии мардуми тоҷик сазовор шудан ва ба сафҳои нопокатон шомил намудани ҷавонони саодатманди моро надоред. Тоҷикистони соҳибистиқлол бо табиати биҳиштосояш имрӯз новобаста аз найрангҳои бамиёномада дар ҷаҳон мавқеи асосӣ дорад ва ҳар як фарди он барои посдории сулҳу ваҳдат ва арзишхои миллӣ кӯшиш ба харҷ медиҳад.

Бинобар ин сарварони Паймони миллӣ бояд бидонанд, ки ин талошҳояшон кори беҳудаест, зеро дигар мардуми кишвар чеҳраи воқеии ин ҳомиёни дурӯғини исломро шинохтааст ва ҳаргиз ба онҳо имкони фитнаангезиро нахоҳад дод. Ифротиёни фирорӣ ва шариатмадор хилофи амалкарди арзишҳои сифатии рушди ҷомеа ва манофеи миллӣ бо доман задан ба ангезахои хоми нимамаҳалливу васвасавӣ, ҷуръати хиёнатгунае барои такрори иштибоҳи таърихӣ – таъсиси “Паймони зиддимиллӣ” пайдо кардаанд, ки яқинан ифодагари ғаризаи хориҷиҳост.

Шарипова М.-дотсент

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ