Мо ҷонибдори сулҳу ваҳдатем!
Вазъияти имрӯзаи дар атрофи масъалаи ҳудудӣ байни Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон бавуҷудомада муносибати ҷиддию саривақтии дипломатиро талаб менамояд. Ҳар қадар ки гуфтушушиди ҷонибҳо тӯл кашад, ҳамон қадар раиси деҳаи Оқсойи ноҳияи Боткен ба иғвоангези машғул шуда, вазъиятро боз ҳам пурташаннуҷ мегардонад. Мо шаҳрвандони Тоҷикистон ҳамдардии худро ба ҳомиёни Ватан, ки дар ҳимояи марзу буми кишвар ҷони хешро дареғ надошта, дар талаби роҳи ҳалли мусолиҳатомезонаи низоъ зери фишору таҳдидҳои беамони мардумони моҷароҷӯ қарор гирифтанд, баён менамоем. Дурустии даъвати сокинони ҷамоати Ворухро ҷонибдорӣ намуда, бар зидди кирдороти зишту бераҳмонаи гурӯҳи муташаккилна таҳти сарварии Роза Усарова баромад менамоем. Бо вуҷуди ин умед бар он мебандем, ки ҳукумати ҷонибҳо ба ҳалли осоиштаи муаммо дастёб мегарданд. Мо амали ҷониби Қирғизистонро дар минтақаи Ворухи шаҳри Исфара бар хилофи қарордодҳои дуҷониба, яъне оғози сохтмони роҳи «Коктош-Оқсой-Тамдиқ»-ро пурра маҳкум менамоем. Чунин ҳолат бешак нафрати сокинони Ворухро дучанд мегардонад. Саркардаи моҷарои мазкур раиси деҳаи Оқсойи ноҳияи Боткен, шаҳрванди ҶҚ Роза Усарова ҳадафи ғасби минтақаи коркарди захираҳои сангу шағали мавзеи наздикии деҳаи Хоҷа Аълоро дар ниҳоди худ дорад. Чунин ҳадафҳоии ниҳонӣ боиси афзудани ҳисси бадбинӣ байни сокинони ҳаммарзу ҳамфарҳанг ва дар маҷмӯъ ду кишвари бародар мегардад.