Бинои нобино!

Алим Шерзамонов – раҳбари Ҳизби сотсиал-демократ дар ВМБК, ки дар берун аз Тоҷикистон ба сар мебарад дар баромадҳои худ ақидаҳои зидди осоиштагии худро ифшо кардааст.

Вақте, ки инсон тарафдори осоиштагиву тинҷӣ бошад, барои оромӣ ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон кӯшиш мекунад. Ва агар, ки неву дигар мақсадҳоиразилонаи ғайриинсониро мепарварад, ин бошад барои давлату халқ номусоид аст.

Барои исботи ин ақидаҳо суханони ӯро меоварем:

Алим Шерзамонов шароити фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ дар Тоҷикистонро номусоид номид. Ӯ дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, дар шароити кунунии Тоҷикистон ҳизби сотсиал-демократ натанҳо имкони иштирок ва пирӯзӣ дар интихоботҳоро надорад, балки наметавонад аъзои воқеияшро ошкор карда, фаъолияти густарда ба роҳ монад.

Ин ақидаи ӯ тӯҳмат ва дуруғ аст. Ҳамаи мо медонем, ки дар Тоҷикистон барои тамоми ҳизбҳои сиёсии манфиатҷӯшароити мусоид фароҳам ба вуҷуд овардааст. Агар ки ақидаи ӯ воқеияташро медошт барои интихобот ин қадар чорабиниҳо гузаронида намешуд.

Алим Шерзамонов: Фазои сиёсиеро, ки ҳоло дар Тоҷикистон ҳукмфармост, фазои сиҳат гуфтан номумкин аст.

Фазои сиёсии, ки ҳоло дар Тоҷикистон ҳукмфрмост фазои солим аст! исботи инро мо дар пешравиҳои давлатамон дидаву қайд карда метавонем.

Алим Шерзамонов: аъзои ҷомеаи шаҳрвандӣ, даъвои бисёрҳизбӣ дар Тоҷикистон қимати худро гум кард. Имрӯз, баръакс, дар кишвар тарсу ваҳм ҳукмфармо шудааст. Ягона созмони сиёсие, ки аз ҳизби ҳоким вобаста нест, ҳизби сотсиал-демократ аст, вале ин ҳизб феълан ба таври кушод ва густарда фаъолият карда наметавонад.

Он имкону дастгириҳое, ки имрӯз дар давлатамон аст магар дида наметавонад, “бинои нобино” буданд ин ба маънои он аст, ки шири сафедро сиёҳ гуфтан аст. Мақсади вавазифаи ҳизб аз чи иборат аст барои манфиати халқу миллат хизмат кадан аст.

Алим Шерзамонов: Дар вилояти Бадахшон аз соли 2001 то ин дам ҳамагӣ як ё ду нафар аз ҳизби сотсиал-демократ бо ариза хориҷ шудаанд. Аммо ҳар аъзое, ки дар сохторҳои давлатӣ ва созмонҳои дигар камубеш кор мекунад, аз мо хостааст, ки онҳоро зиёд “реклама” накунем. Мегӯянд, ки "мо аъзои ҳизб ҳастем, вале машҳур нашавем, беҳтар аст.”

Барои онҳо ҳоло бад нишон додани давлату давлатдори кори саҳл аст, лекин бе исботу далел онҳо танҳо худро беобурӯй мекунанду халос.

Барпо кардани шӯришу гирдиҳамоӣ барои манфиати хоҷагони хориҷӣ ин як амали зиддиҷамъиятист, барои сарзании нооромӣ дар дохили кишвар нақшаҳои разилонаи худро пешакӣ ва тарҳрезӣ кардаанд.

Хушбахтона, бо роҳбарии Сарвари давлат Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон давлатамонро гул-гул шукуфон гашта истодааст ва мо намегузорем, ки хасу хори давлатамон насиби “Ватанхоҳон” гардад.


Бузургмеҳр Аҳрорӣ омӯзгори кафедраи умумидонишгоҳии фалсафа


МАРКАЗИ ИТТИЛООТ