Беҳ насозад кас ба марҳам доғи модарзодро...
Дар рӯзҳои охир масъалаи гирдиҳамоӣ ташкил намудан дар шаҳри Берлини Олмон бо дархости озод кардани зиндониёни сиёсӣ ба монанди З.Саидов, М.Ҳайит, Б.Ёров ва нашр намуданифеҳрасти кушташудагони зиндони № 3 Хуҷанд дар шабакаҳои иҷтимоӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.Ба саҳифаҳои интернетии шаҳрвандони Тоҷикистон даъватҳои зиддиҳукуматӣ пайдо шуданд, гуруҳе иштирок ба митинги шаҳри Берлинро тарғиб мекунанд ва гуруҳе ҳақиқати ҳолро мегӯянд.
Онҳое ки тарғиб мекунанд, маълум, ки пайрав ва ё думрави созмонҳои опозитсионӣ ҳастанд ва ё аниқтар карда гӯем, раҳгумзадагонанд ва табиист, ки барои расидан ба ҳадафҳояшон аз ҳар роҳу восита истифода мекунанд.
Аммо барои ман ҳақиқати дигаре ҳам ошкортар гашт. Шоми гузашта тариқи телевизион гузоришеро аз пушаймонии як нафар собиқ аъзои “Гуруҳи 24” намоиш доданд ва ӯ ошкоро чӣ тавр раҳгум заданашро баён кард.
Дигар яке аз донишҷӯёни тоҷики муқими Аврупо дар Фейсбук як чизи аҷибро нақл кард. Бино бар гуфти ӯ намояндагони Ҳизби наҳзат ва дигар шахсони бадтинат ӯро барои иштирок дар гирдиҳамоӣ тарғиб кардаанд. Дигар ба гуфти ӯ ӯзбекон ва қирғизҳое, ки дар Олмон ва ё дигар кишварҳои Аврупо зиндагӣ мекунанд,бароииштирокдар гирдиҳамоӣ ҷалб мегарданд.
Роликҳои видиоие, ки бо иштирокимардуми африқоӣ, аврупоиён бо шиори “Озодӣ ба Тоҷикистон” нашр кардаанд, мантиқе надорад. Африқоие, ки дар Тоҷикистон қадам нагузоштааст ва ё занони куҳансоли аврупоӣ аз куҷо ҳақиқати ҳоли кишвари моро медонанд?Замон, замони маблағ аст ва бо каме “каромот”-и пулӣ онҳоро харидан ҳеч мушкилӣ надорад.Чанд бехонумонро ба дасташ шиор дода онҳоро наворгирӣ кардан ва ҳамин наворро ба хоҷагони хориҷӣ нишон дода маблағ ситониданро бадхоҳон ба хубӣ метавонанд.
Митинг ва ё гирдиҳамоие, ки дар Берлин баргузор мегардад, дурӯғ, сохта, маснуъ буда, дар он самимият нест. Онро митинги зархаридону гумроњон ва аз ҳақиқат бехабарон номидан мумкин аст.
Мухолифони бадгӯву бадзабони Тоҷикистон ҳаргиз ором шудан намехоҳанд, зеро онҳо доғи модарзодии баддаҳонӣ доранд, ки ягон марҳам онродаво бахшида наметавонад.
Ислом Раҳимов – декани факултети забонҳои шарқи МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”