Бегонапарастӣ хоси мардуми тоҷик нест!

Мувофиқи маълумотҳое, ки Радиои Озодӣ паҳн намудааст, Маркази миллии қонунгузории назди президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи кории байниидоравӣ вобаста ба таклифи Кумитаи кор бо занон дар бораи манъи вуруди занону духтарон бо сатру ҳиҷоб ба вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, новобаста аз шакли моликияташон, таъсис ёфтааст. Иқдоми мазкур бамаврид аст, зеро пўшидани сатр хоси фарҳанги миллии мо намебошад. Мо, ки фарҳанги қадимаи пурғановат дорем бояд ҳангоми пўшидани либос низ ба он такя намоем. Бегонапарастӣ хоси мардуми тоҷик нест. Тоҷикон дорои фарҳанги бойи либоспўши мебошанд. Бар замми ин дар фаъолияти касбии ҳамарўза истифода шудани сатр мувофиқи матлаб нест. Либосҳои шинаму зебои тоҷикӣ бояд хоси духтарон ва бонувони тоҷик бошад. Мо, аҳли ҷомеаи кафедраи таърихи умумии Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» ин иқдомро ҳаматарафа ҷонибдорӣ менамоем.

Аҳли ҷомеаи кафедраи таърихи умумии Муассисаи давлатии таълимии

«Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ