Барои баъзе доираҳои манфиатдор хизмат накунед!
Ташкилоти террористӣ - экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ солҳои 90 - уми асри гузашта дар Тоҷикистон ба фаъолият оғоз карда, сабаби ҷангу хунрезӣ гардид ва низоми сиёсию иқтисодии кишварро фалаҷ намуд. Ҳаракатҳои аъзои ТТЭ ҲНИ боиси тақсимшавии ҷомеа гардид ва бародар хуни бародарро рехт. Махсусан, бо таҳқири омӯзгору аҳли илм, мавқеи илм ва олиму омӯзгорро дар ҷомеа поён овард ва ба дур мондани гурӯҳҳои муайян аз таҳсил гардид, ки дар пайи хеш садҳо мушкили дигарро ба миён овард. Ҳаракатҳои онҳоро баъзе душманони Тоҷикистон то ҳоло давом дода истодааст, ки исботи ин мақола бо ном «Майдони баҳс» мебошад. Дар он пур аз таҳқир номаи як нафар, ки худро Куруши Кабир муаррифӣ мекунад (агар ҳақиқат бошад) оварда шудааст,пурра аз мулоҳизаҳои туҳмат иборат аст. Ба фикри ӯ «Фермаи ҷавобро асосан кормандони Кумиҷроияҳои ҳизби халқии демократӣ дар шаҳру ноҳияҳо ташкил медиҳанд, КДАМ низ аъзои ин ферма ҳастанд махсус кормандон, масалан ман худам яке аз онҳо будам. Дар мақомот. Ман дар онҷо дидам як хел бесаводҳо ҳастанд ҳамон қадар, ҳадди ақал ба адабӣ навишта наметонистанд» ва ғайра.
Агар ӯ тарафдори озодии баён бошад, барои чӣ ному насаби худро рамзан Куруши Кабир гуфтааст? Ҳақиқатгӯӣ бошад, барои чӣ дар ин мамлакати биҳишт озодона зиндагӣ карда, аз обу ҳаво ин зарзамин нафас гирифта ба мардуми ин диёр хиёнаткорона муносибат мекунад? Мо ҳайрони ин мард хастем! Инчунин, ҷамъбасти сухани ӯ далолат мекунад, ки аъзои фаъоли ҲНИ мебошад.
Ба онҳо чунин даъват мекунем: ба сармоягузории хоҷагони берунии худ маҳлиё нашавед, фазоро пур аз ақоиди ифротӣ намуда, мағзи садҳо нафаронро вайрон нагардонед. Тавассути расонаҳо афкори хурофотӣ ва тухматиро таблиғ нанамоед. Дар Аврупо панаҳ бурда, барои баъзе доираҳои манфиатдор хизмат накунед!
Бинобар ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии омӯзгорону аҳли илм, зиёиён, донишҷӯён ва дигар шаҳрвандон мавқеи ҷиддитару қотеонаро нисбат ба онҳо гирифтааст ва барои ҳифзи амнияту суботи ҷомеа ва давлат чораҳои қатъӣ меандешад. Ин ба манфиати халқу миллат мебошад.
Р.Усанов, дотсенти ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров