Барги ҳизбҳои ба ҷамъият бегона хазон аст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди он ки дар Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди халқи худ боҷуръатона сарвари кишвар гардид, зимни суханронии хеш чунин изҳор кард;

«Ман кори худро аз сулҳ сар хоҳам кард. Ман тарафдори давлати демократии ҳуқуқ­бунёд мебошам. Мо бояд ҳама ёру бародар бошем, то ки вазъро ором намоем». Ингуфтаҳои Пешвои миллат дар амал ҳақиқатан татбиқ гашт, ки дар натиҷа мамлакати азбайнрафтаистодаи мо аз навъ эҳё гардид ва ба қатори давлатҳои пешқадам ворид гашт, кидар натиҷа тамоми олам онро чун давлати соҳибистиқлол шинохт.

Дар айни замон ба бадбинандагони сулҳ ва ваҳдати миллӣ, ки ба онҳо шуурнокии муосир насиб нагардидааст аз паи дастгирии падидаҳои номатлуби ҷомеаи муосир – терроризм ва экстремизм мебошанд.

Дар кишвари мо – Тоҷикистон барои мустаҳкам намудани ваҳдати миллӣ ва барҳам додани падидаҳои номатлуби ҷомеа саҳми маориф зиёд аст, чунки он ба воситаи ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ рисолати эҷоди заминаҳои рушди иқтисодию иҷтимоиро бар дӯши худ дорад. Кормандони муассисоти олии касбӣва албатта тамоми муассисаҳои кишвар ҳамеша мекӯшандҳисси ватандориву ватандӯстӣ ва садоқатро нисбат ба давлат, ҷомеа ва ҳурмату эҳтиром ба муқаддасоти кишварро дар шуури ҷавонон ҷойдода ҳисси меҳанпарастиро дар дили халқу миллат ҷой диҳанд, то онҳо мафҳумҳои ватан, давлат, мамлакат, кишвар ва сарзаминро идрок намоянд.

Воқеотҳои солҳои охир ба ҳамаамон маълум ва равшан аст, ки дар таҳти номи дини мубини Ислом ташкилотҳои зидди оромии ҷамъиятӣ ба миён омада ҷамъияти моро парешон намуда истода, ақида ва афкори дини мубинамонро ба манфиати худ сӯиистифода карда истодаанд. Барои дар амал татбиқ намудани ин амалҳои номуносиб фаъолияти ҲНИТ низ кам набуда баръакс шумориданашаванда аст.

ҲНИ-и тамоми олам бо кирдору рафторҳои нозеби дар ҷамъияти муосир барпо намудаашон дастгирикунандагони ташкилотҳои террористии ДИИШ ба шумор мераванд, ки шохаҳои хушкшавандаи онҳо даҳҳо созмон ва ҳизбҳои бо ном исломӣ ба шумор мераванд.

Мақсад ва мароми ягонаи онҳо дар ҷомеаи муосир барпо намудани ҷангҳои беасос зидди оромии сайёраамон мебошад, ки дар аксарияти мамоликҳои дунё онҳо тавониста истодаанд, ки нооромӣ барпо кунанд ва муҳоҷирати одамон рушд ёбад. Онҳо ягон мақсади аниқу муайян надоранд танҳо гуноҳашон бесаводиву камшууриашон мебошаду халос. Чашми танги онҳоро мансаб ва ҷоҳу ҷалол низ сер карда натавониста истодааст. Ҳатто лаҳзаҳое шуда истодааст. ки онҳо агар хоҷагони ҳамёнкалонашон ҳамёнхолӣ шаванд нашиносанд. Кӯри бино ҳастанду халос, намакро хӯрда ба намакдони ҳамёнхолигардидаҳои худ ниф туф мекунанд. Ҳақиқатан бешууранд.

Ин тавр бошад ҳам сулҳпарварони тамоми дунёи муосири мо, ки мафҳуми оромиву осоиштагиро хуб дарк мекунанд бар зидди он гумроҳгардидагон, ки номи дини мубини Исломро сиёҳ карда истодаанд муборизаи беамон бурда истодаанд, ки мавқеи омӯзгорон низ дар ин кам нест.

Ҳоло омӯзгоронтамоми мардумро раводор менамоянд, ки аз як гиребон сар бароварда сарчашмаҳои ҳизбҳои характери динидоштаи беасос ҷангташкилкунандарохушконанд.

Саромӯзгори кафедраи умумидонишгоҳии забонҳои хориҷӣ, факултети забонҳои хориҷӣ Қӯзибоева Ф.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ