Баҳси марзӣ: Вокуниши Тоҷикистон ба Қирғизистон

Ёдрас мешавем,ки Тоҷикистону Қирғизистон ҳудуди 976 километр марзи муштарак доранд,ки наздик 50 дарсади он, ҳанўз аломатгузори нашудааст. Пурра таъин нашудани марз, борҳо ба рухдоди муноқишаҳои марзӣ боис мешавад.

Мувофиқи созишнома ва санадҳои байниҳукуматӣ, Қирғизистон дар ҳудуди номуайян наметавонад сохтмон кунад.Тибқи санаде, ки соли 2014 ба имзо расида буд, Қирғизистон бояд дар роҳи гузар аз баромади Хоҷаи Аъло то Ворух қитъаи роҳ созад. Тибқи созишнома байни Ворух ва Хоҷаи Аъло бидуни убури деҳаи Оқ- Сойи Қирғизистон бояд роҳи мошингард месохт. Тоҷикистон қитъаи роҳи худро сохтааст, аммо ҷониби Қирғизистон қитъаи худро намесозад.

Қирғизистон дар роҳи Исфара –Ворух тасмим гирифтааст,ки постгоҳ созад, аз ҷониби Қирғизистон барои бунёди постгоҳ техникаву масолеҳи сохтмон овардааст дар қаламраве, киҳоло хатти сарҳад аломатгузори нашудааст. Ҳамзамон шаҳрдории Исфара таъкид намудааст,ки барои қатъи сохтмони постгоҳ миёни мақомоти ду кишвар гуфтушунид идома дорад. Мақомоти Тоҷикистон нигарониҳои худро ба мақомоти Қирғизистон расонидааст. Ёдрас мешавем, ки ахиран ҷониби Қирғизистон эълон кард, ки Тоҷикистон ният дорад дар роҳи Ош-Исфара, ки тариқи қаламрави Тоҷикистон мегузарад постгоҳи назорати созад. Вале дар асл сокинони деҳаи Хоҷаи Аъло дар ин қитъаи роҳ дар қаламрави худ сангрезаву шағал рехтанд, аммо расонаҳои иттилотии Қирғизистон аз ин иқдом як ҳангома сохтанд.

Ман муаллими кафедраи варзиш ва методикаи таълими тарбияи ҷисмонӣ аз авзои пешомада дар байни Тоҷикистон ва кишвари ҳамсоя яъне Қирғизистонизҳори нигарони намуда, умедвори ҳалли муноқиша мебошам.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ