“Баҳманмоҳ” - ро бо хун омехта нанамоем...
Мардуми шарифи тоҷик дар масири таърих борҳо зери полонимардумони ғайр гаштаву боре ҳам ба халқу миллати дигаре шамшер набардоштааст.Халқи тоҷик, ки насли ориёӣ буда ба насли ояндаи хеш дурдонаҳоеро маҳфуз доштааст, кион аз қабили: Наврӯз –рӯзи нав (мутобиқ ба 21-22 –юми март); Меҳргон –мавсими ҷамъоварии ҳосил (мутобиқ ба 23 –юми сентиябр - 25 –уми октиябр).Сада –омадагӣ ба кишту кор, ки рӯзи даҳуми Баҳманмоҳ, (мутобиқ ба 30-31 –уми январ), ва ҳазорон –ҳазорон ҳикматҳои фалсафии дигар...
Он шахсе, ки ибораи “Баҳманмоҳи хунин” –ро эҷод намудааст, оё аз таърихи аҳли башар бегона аст?,
Лоақал ҷанги якуми ҷаҳон, Ҷанги Бузурги Ватанӣ, эпидемияҳои минтақавӣ, фоҷияҳои табиӣ ва ба ин монанд миллионҳо нафар инсонҳо ҳалок гардидаанд. Таърихи инсонӣ чунин хусусият дорад, ки ҳам нек ва ҳам “бад” аз хотири таърих фаромӯш намешавад. Дуруст, санаи 12 –феврвли соли 1990 аз тазоҳургарон дар ҳақиқат 25 нафар кушта шудааст, Ҳукумати собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ барои сухани “мардумро нашикастан” фавран истеъфо доданд, вале ин вокуниш вазъиятро ором нанамуд.
Аз вокуниши Тӯраҷонзода бобати замин ва ҷой додани осебдидагони заминларзаиАрмения иттилооти зиёд надорам, вале тазоҳургарон аз истеъфои ҳукуматионвақта қонеъ нагардиданд ва аз суханони Тӯраҷонзода бештар ба шиддат омада, омили сар задани ҷанги бемаъно шудаанд. Аз ин воқеа 30 –сол сипарӣ гашт; Ҳар як инсон ба рафтори хеш дар назди халқи худ ва Худованд ҷабоб мегӯяд. Бинобар ин имрӯз оромии ҷомеаро бо ин ғояҳо ноором намудан, хиёнат ба миллат аст.
Муаллими кафедраи умумидонишгоҳии фарҳангшиносӣ Ӯрунбоев Қ.