Бадхоҳи касон ҳеҷ ба мақсад нарасанд...

Вақтҳои охир дар сомонаҳои интернетӣ ҳар гуна овозаҳо паҳн мегардад, ки дар баъзе ҳолатҳо инсонро ба фикр кардан водор мекунад. Оё онҳо ягон машғулияти дигар надоранд? Чаро бештари мардум фанатизмро пеша намудаанд? Барои чӣ ақлу хирадро пеш намегузоранд? Чаро одамон таҳаммул, сабру тоқат надоранд?

Маводи охири моҳҳои ҷории дар сомона ҷойдодашуда ба монанди “Таҷаммӯъ дар назди САҲА”, “Шодмонова ва 25 нафар баъди боздошт раҳо шуданд”, “Таҷаммӯъгарон кистанд?” ҳар як шахсро ба андешаву фикр кардан водор менамояд.

Аслан бархе ҷавононе, ки дар кишвари берун истиқомат дошта, фирефтаи суханҳои душманони миллат гаштаву , ҳамеша беандешаву бешуурона суханҳои ба сарашон омадаро изҳор менамоянд, бояд донанд, ки тири онҳо хок хоҳадхурд. Рӯзе чун дигарон пушаймон мешаванд. Якчанд гирдиҳамоиҳое, ки берун аз кишвар сурат мегирад ва танҳо нодида гирифтани рушди имрӯзаи Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Аксари онҳо шахсоне ба ҳисоб мераванд, ки бе меҳнату машаққат рӯз гузаронанду ба ҳар гуна ҳизбҳову ҳаракатҳо шомил бошанду муфт рӯз гузаронанд. Ватандӯст дар асл ватани худашро обод мекунад ва барои пешравии кишвараш кӯшишу ғайрат менамояд.

Бояд қайд намоем, ки имрӯз ҳамагон бояд зиракии сиёсиро дошта бошанд ва барои инкишоф ва пиёда сохтани оромиву сулҳу субот заминаи мусоид фароҳам оваранд.

Гулчеҳра Шодмонова воқеан дуруст мегӯяд, ки барои гумроҳии фарзандаш роҳбари ТТЭ ҲНИ гунаҳкор аст, зеро маҳз тавассути чунин ҳарфҳое ба монанди доманро бо чормағзи пуч пур кардан, ин ҷавононро гумроҳ намуданд. САҲА, ки ин ҳамаро дидаву дониста боз бо Кабирӣ ва ёрони ӯ майдон медиҳад, бояд бидонад, ки ин ташкилот низ дар амри сар задани чунин ҳолатҳои равонӣ ва қасд ба ҷони худ кардани модари фарзанде, ки аз шарми рафтори фарзандаш даст ба чунин амал зада, гунаҳкор аст. Аз ҷавонони берун аз Ватан дар истиқомат дошта, даъват ба амал меоворам, ки фирефтаи суханҳои пучи ин гуруҳҳо нашуда, баръакс баргарданд то дар ободиву шукуфоии Ватани азиз хеш химат намоянд.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ