Бадкардаро даво нест
Дар торнамои ютуб як суҳбати парокандаи собиқ раиси ТТЭ ҲНИ бо як ҳаммаслакаш перомуни масъалаи шомил шудани Тоҷикистон ба иттиҳоди гумрукии Авруосиё ва инчунин дар арафаи интихоботи солҳои гузаштасурат гирифтани суҳбати Муҳиддин Кабирӣ бо раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Саидмўмин Ятимов интишор ёфтааст, ки хеле баҳсбарангез ва нигаронкунанда мебошад. Муҳиддин Кабирӣ аз суҳбати анҷомдодааш худро ҳамчун як нафари “огоҳ”, “таҳлилгар”, “сиёсатшинос”, “олим” ва дар маҷмўъ роҳбари “дурандеш”-у “ояндабин” ба ҷилва овардааст. Як нафари аз макру ҳиллаи ў бехабар чун ин суҳбатро тамошо кард, беягон чуну чаро ба доми фиреб афтида, мисли дигар фирефташудагон ба дасти худаш имрўзу ояндаи хешро ба коми оташ месупорад.Аз ин суҳбаи бараъло эҳсос мешавад, ки Муҳиддин Кабирӣ ҳамин хел худашро ба намоиш мегузорад, ки гўё бағайр аз ў дар Тоҷикистон ва ҷаҳон дигар ягон нафар таҳлилигари масоили сиёсӣ вуҷуд надорад. Аз ин дидгоҳ ба таҳлили масъалаи аъзо шудани Тоҷикистон ба иттиҳоди гумрукии Авруосиё мепардозад ва аз ин равзана ба ҷониби Њукумати Тоҷикистон ангушти ишорат дароз мекунад, кибубинед ман ҳамчун “мутахассис” чӣ гуна таҳлилҳои “ҷолиб” дорам. Бояд қайд кард, ки Тоҷикистон қабл аз пайдо шудани Иттиҳоди Авруосиё узви чандин иннтиҳодияҳои дигаргардида буд ва ханўз ҳам мебошад, аммо яке аз шартҳои масоили муносибатҳои узвият дар чунин иттиҳодияҳо фароҳам овардани як навъ сабукӣба муҳоҷирони тоҷик буд, ки мутаассифона бағайр аз вазниниҳои зиёд дигар чизе дар пай наовард. Бояд қайд кард, ки суҳбати Муҳиддин Кабирӣ як навъ характери сиёсӣ дошта, бо ин равиш ў мехоҳад, дар марҳалаи ҳассоси кишвар таваҷҷўҳи кишварҳио узви иттиҳодро ба худ ҷалб карда, бо ин роҳ нишон диҳад, ки дар сурати ба даст овардани мақом ў метавонад аз хоҷагони Аврупоии худ рў гардонида саги дари узви иттиҳод шавад. Чи тавре ки аз ислом даст кашида, инвони ташкилоти террористии ЊНИ-ро бо шеваҳои хос тағир дод бо ҳамин барнома ин тадбирро амалӣ карданӣ аст. Мо андеша менамоем, ки Муҳиддин Кабирӣ дар ин роҳ ҳам ба мақсад нахоҳад расид. Зеро мардум “бадкардаро даво нест вовайлои пинҳонӣ” гуфтаанд.
Дигар масъалаи ночаспони суҳбати Кабирӣ дар бораи суҳбати ў бо раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Саидмўмин Ятимовмебошад. Њарчанд дар як суҳбат ду афкори нобаробари ғайриҳирфаии ў рўйи кор омадааст, аз ҳадафҳои хатактери сиёсидоштаи суҳбати ин хиёнаткори Ватанпай бурдан мумкин аст. Кабирӣ пас аз “тафсир”-и узвияти Тоҷикистон ба иттиҳоди Авруосиё якбора ба Саидмўмин Ятимов ва корҳои илмии анҷомдодаи ў ҳамчун сиёсатшинос ишорат мекунад ва дар ҳамин радиф унвони илмии худро низ ёдовар мешавад ва бо ин роҳ яу андоза ба мардум ишорат мекунад, ки рисола навиштааст то ки ба ў пайравӣ кунанд. Њарчанд ҷилвакорона дар раванди суҳбат ишорат мекунад, ки ба хонаи ў одамон омада, ўро барои идомаи фаъолият дар мақомотҳои ҳукуматӣ таклиф кардаанд, аммо дар зимн боз ҳамон ҳадафиаёрона ва мардумфиребонааш аён мешавад, ки ин суханҳои беҳадаф нестанд. Шояд ин бахши суҳбат ҳам идомаи ҳамон суоли нахустин бошад, ки бо ин тарз нишон додани мешавад, ки ў бачаи қобил ва бовафост. Агар шумо ба ман бовар кунед ман ҳамин гуна бо Шумо садоқат мекунам. Чӣ тавре, ки аз суханҳои хоҷагонам берун набаромадам, ба шумо низ ҳамин гуна имонамро нишон медиҳам.
Мо дар маҷмўъ, ин гуфтаҳои бодарҳавои Муҳиддин Кабириро маҳкум намуда, ба шаҳрвандони кишвари азизамон муроҷиат карда мегўем, ки ин фарзанди нохалафи ахалқи тоҷки ба шумо вафо накардааст ва нахоҳад кард. Чунки барои ў Ватан, модар ва фразанд ягон моҳият надорад.