Бадгӯиҳои нотавонбинон

Ташаккул ва татбиқи сиёсати кишвар, ки меҳвари онро сиёсати «дарҳои боз» ташкил медиҳад, яке аз дастовардҳои бузурги давлати мо дар замони соҳибистиқлолӣ ба шумор меравад. Ба шарофати сиёсати хориҷии мутавозин дар ин давра Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мавқеи шоистаи худро пайдо намуда, муносибат ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаро бо кишварҳои дунё, созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва ниҳодҳои бонуфузи молиявӣ ба роҳ монд. Интихоби сиёсати «дарҳои боз» дар самти рушди ҳамкориҳои хориҷии Тоҷикистони соҳибистиқлол бо кишварҳо, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ дар рӯзҳои аввали истиқлолият аз хислатҳои дурандешонаи Роҳбари тоҷикон – Эмомалӣ Раҳмон буд. Сиёсати «дарҳои боз», ки меҳвари аслии муносибатҳои мо бо ҷаҳони муосир интихоб гардид, дар давоми Истиқлолияти давлатӣ воқеӣ, дуруст ва судовар будани худро нишон дод. Ин сиёсат доираи шарикони Тоҷикистонро афзуда, барои таъмини иштироки густурдаи кишварамон дар фаъолияти созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ заминаи мусоид фароҳам овард.

Дар ҷаҳони муосир коркарди захираҳои канданиҳои фоиданок ва омода кардани онҳо ба шакли маводи тайёри истеҳсолӣяке аз асосҳои пешрафти иқтисодиёти аксарияти кишварҳо ба ҳисоб рафта, ченакҳои муайянкунандаи иқтидори иқтисодӣ, рушди истеҳсолот ва истифодаи захираҳои меҳнатӣ ба ҳисоб мераванд.
Конҳои канданиҳои фоиданок заминаи мустаҳками рушди саноат маҳсуб ёфта, барои амалисозии ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати мамлакат аҳамияти калонро доранд. Мувофиқи арзёбии олимону мутахассисони байналмилалӣ, аз ҳисоби истихроҷи сарватҳои зеризаминии Тоҷикистон то 50 дарсади даромади Буҷети давлатиро таъмин кардан имконпазир аст. Айни ҳол даромади Буҷети давлатӣ аз ҳисоби истихроҷи захираҳои табиӣ 7 дарсадро ташкил медиҳад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истифода аз захираҳои фаровони табиии кишвар ва ба ин васила зиёд намудани даромади буҷети давлатӣ фазои мусоиди сармоягузориро муҳайё намудааст.
Бунёди корхонаҳои «Зарафшон», «Пакрут», «Апрелевка», кони нуқраи Якҷилва, ширкати «C.A.Minerals», кони сурбу руҳ, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Зарнисор», кони сурмаву симоби Ҷиҷикрӯд, корхонаи муштараки Тоҷикистону Амрико «Анзоб» ва миқдори зиёди корхонаҳо, ки айни замон бомуваффақият фаъолият доранд, самараи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии ҶТ мебошад. Чуноне, ки дар боло қайд кардем, имкониятҳои боз ҳам баланд намудани сатҳи коркардиконҳои маъданҳои табиии кишвар имконпазир аст.
Иқдомҳои давлат ва Ҳукумати мамлакат ба ҷалби бештари сармоягузорони ватани ва хориҷӣ дар пешрафти соҳаи истихроҷ мусоидат менамоянд. Пеш аз ҳама, бо роҳи истихроҷи канданиҳои фоиданок ворид намудани маблағи зиёд ба буҷети давлат имконпазир мегардад.
Тоҷикистон, хусусан аз лиҳози захираҳои табиии нуқраю ангишт, дар ҷаҳон мақоми намоёнро соҳиб аст. Тибқи иттилои оморӣ, дар ҳудуди ҷумҳурӣ конҳои тилло кашф шудаанд. Кишвари мо дар дунё аз рӯи захираи нуқра ҷойи 2 - юмро ишғол мекунад.
Ҳамкорӣ намудан бо кишварҳои боэътимод ва ширкатҳои бузурги истихроҷӣ дар соҳои коркарди канданиҳои фоиданок ба пешрафти ин соҳа дар Тоҷикситон мусоидат менамояд. Бинобар ҳамин, Тоҷикистон бо ҳадаф ва барномаҳои мушаххаси давлатӣ, массалан барномаи «Барномаи давлатии омӯзиш ва арзёбии захираҳои металлҳои нодир барои солҳои 2016 - 2026», мушкилотҳои асосии соҳаро, ба монанди таҳияи санадҳо, ба таъхир гузоштани иҷозатномадиҳӣ, пардохти андозҳои дукарата ва кам будани тендерҳоро, қадам ба қадам ҳал намуда истодааст.
Имрӯз яке аз шарикони боэътимод дар соҳаи коркарди захираҳои табиии кишвар Ҷумҳурии мардумии Чин мебошад. Дар доираи принсипҳои байналмилалии шафофият дар соҳаи истихроҷ ва талаботҳои ҳатмии Ҳукумати ҶТ дар ин соҳа Тоҷикистон бо чандин ширкатҳои бонуфузи чинӣ корхонаҳои муштарак дорад ва ин корхонаҳо барои пешрафти кишвар ва ғани гардонидани буҷаи кишвар мусоидат намуда истодаанд.
Лек, мутаасифона дар бархе аз сомонаҳо ба иқдомҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди ҳамкориҳо ва сохтани корхонаҳои муштараки истихроҷи канданиҳои фоиданок ҳар гуна хабарҳои ботил ва беасос, ки пурра хусусияти бадном намудани сохторҳои давлатиро доранд, часпонида мешаванд. Масалан, дар сомонаи “tj.sputniknews.ru” маводе бо номи “Дракон переползает Памир: как идет проникновение КНР в экономику Таджикистана” нашр шуд, ки дар он саросар маълумотҳои ботил ва беасос оварда шудааст.
Ҳамкарии Тоҷикситон бо ширкатҳои байналмилалии истихроҷи канданиҳои фоиданок дар асоси меъёрҳои муаяннамудаи давлат ва ҳукумати ҶТ ба роҳ монда шудаанд ва манфиатҳои кишвар ҳимоя мегарданд.
Лекин паҳн намудани хабарҳои бардурӯғи ин гуруҳ ҳадафнок аст. Ҳадафи аслии ин ашхос, ки дар ҳамоҳангӣ бо нерӯҳои манфиатҷӯи минтақавӣ ва байналмилалии худ фаъолият мекунанд, аслан фақат барои тира кардани фазои афкори омма дар Тоҷикистон, заиф кардани мавқеи ниҳодҳои давлатӣ ва рехтани обрӯи шахсиятҳои шинохтаи сиёсии кишвар аст, на чизи дигар.
Раҳими Ҳошим

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ