Бадандешони мағшӯи бемағз
Рӯзҳои ахир дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои марбут ба ташкилоти экстремистӣ-террористии ҳизби наҳзати ислом роҷеъ ба фаъолияти созмону ташкилотҳои тахрибкор ва бадандеш таҳти унвони “Анҷумани озодандешони тоҷик”, "Ислоҳот ва рушд", "Паймони миллӣ" ва дигар нашр гардида истодааст. Тибқи иттилоъ фаъолони ин созмонҳои тахрибкор Алим Шерзамонов, Темур Варқӣ, Равшан Темуриён, Сайидюнус Истаравшанӣ, Ҳаким Раббимпур, Аюб Эгамов, Шарофиддин Гадоев, Илҳом Ёқубов мебошанд. Ин хоинони миллати тоҷик бори дигар мехоҳанд ҳодисаҳои солҳои навадӯмро ба сари мардуми тоҷик оваранд. Бори дигар онҳо хостори қатлу хунрезӣ ва барангехтани кинаву адоват дар кишвар гардида истодаанд. Ба ҳадафҳои анҷумани гумроҳон онҳо мақсад доранд, ки бо пеш овардани ибораҳои марбут ба забону гуфтори хоҷагонашон бори дигар ҷавонони моро ба худ моту моил карда, онҳоро ба гумроҳӣ баранд.
Асосан агар ба фаъолияти ин тахрибкорон назар афканем, кори худро онҳо тариқи шабакаву сомонаҳои интернетӣ ба роҳ монда, мехоҳанд бо андешаву назарияҳои пучи худ ҷавононро ба доми худ кашанд. Яъне ин нохалафон аз шеваи корбурди ҷангиёни давлати бо ном исломии Ироқу Шом (ДИИШ) кор гирифта, қаблан ақидаи ҷавонони ба домашон афтодаро муботиқ ба ақидаву марбут ба фаъолияти хоҷагонашон тавъам мекунанд. Яъне онҳо байни ҷавонон усули мағзшӯиро пеша гирифта, андешаву кирдори онҳоро ба муқобили пешрафт ва шукуфоии кишвар омода мекунанд.
Агар ба моҳияти фаъолияти ин тахрибкорон назар афканем, онҳо аслан ҳуқуқи аз номи Тоҷикистон сухан гуфтанро надоранд. Зеро ин нохалафон кайҳо боз тарки шаҳрвандии Тоҷикистон кардаву дар кишвари хоҷагонашон паноҳандагӣ мекунанд. Сайидюнуси лаъинро, ки тибқи иттилои худаш ҳаққи баромадан аз Эронро надорад, чигуна метавон озодандеш унвон кард. Ё дигар номардонро.
Мо ҷавонон ин номардони разилро ҳамчун озодандеш не, балки ҳамчун бадандеш шинохта, дарк мекунем, ки аллакай хоҷагонашон бо онҳо мағзшӯӣ кардаанд, ки Сайидюнус мазҳаби аҷдодиашро фурӯхта, мазҳаби хоҷагонаш - шиаро қабул кардааст. Дониста бошанд ин тангназарон, ки дигарбора байни ҷавонони мо пинҳонкориву фитнагарии ин разилон ба кор намеравад ва дигар мағзи ҷавонони моро шуста наметавонанд, зеро мағзи сари ҷавонони мо андешаҳои созандаву бунёдкорона банд аст.