Ба асли воқеият нигарем...
Ҳарчанд таҳқиқу шинохти ислом аз ҷониби донишмандони мусулмон ҳанӯз дар асрҳои миёна ба ҳукми анъана даромада буд, вале пайдоиши илмҳои диншиносию исломшиносӣ асосан дар даврони Шӯравӣ оғоз гардидааст. Бо вуҷуди он ки дар самти таҳқиқу омӯзиши ин илмҳо дастовардҳои назаррас арзи вуҷуд кардаанд, аммо ин таҳқиқот асосан дар партави ҷаҳонбинии материалистӣ, ки заминаи онро назарияи марксистӣ доир ба дин ташкил мекард, сурат мегирифт.
Дар замони Шӯравӣ бо сабаби хусусияти идеологӣ касб кардани илмҳои диншиносию исломшиносӣ дар ин илмҳо дин на ҳамчун як унсури тамаддуни башарӣ ва як зинаи ногузири ташаккули шууру ҷаҳонбинии инсоният баррасӣ мешуд, балки ба он ҳамчун як падидаи комилан манфии таърихи инсоният баҳо медоданд. Ба тарзи дигар гӯем, принсипҳои марксистии муносибат ба дин дар асл вайрон карда мешуданд. Дин дар ҳошияи таърихи башар қарор гирифта, нақшу таъсири он ба шууру тафаккур ва тарзи ҳаёти иҷтимоии мардум, бахусус қишри ноогоҳи ҷомеа дуруст баҳогузорӣ намегардид.
Аммо дар маводи “Паём.нет” мебинем, ки нисбати замони шӯравӣ таърифҳо ҷой доранд ва ҳақиқат он аст, ки зан дар давраи шўравӣ низ хонда метавонист, ибодатҳояшро ба ҷо меовард. Аммо масъала ин аст, ки аксар вақт сокинони деҳот ва бахусус занон аз неъмати таҳсил дур буданд. Бо назардошти ин ҳаминро гуфтан месазад, ки маълумоти нашрияи номбурда берун аз воқеият мебошанд.
Дар замони Шӯравӣ бо сабаби хусусияти идеологӣ касб кардани илмҳои диншиносию исломшиносӣ дар ин илмҳо дин на ҳамчун як унсури тамаддуни башарӣ ва як зинаи ногузири ташаккули шууру ҷаҳонбинии инсоният баррасӣ мешуд, балки ба он ҳамчун як падидаи комилан манфии таърихи инсоният баҳо медоданд. Ба тарзи дигар гӯем, принсипҳои марксистии муносибат ба дин дар асл вайрон карда мешуданд. Дин дар ҳошияи таърихи башар қарор гирифта, нақшу таъсири он ба шууру тафаккур ва тарзи ҳаёти иҷтимоии мардум, бахусус қишри ноогоҳи ҷомеа дуруст баҳогузорӣ намегардид.
Омӯзгорони кафедраи забонҳои форсӣ ва хитоӣ