Ба қадри муқаддасоти миллии худ бояд бирасем!

Дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус кайд карда мешавад, ки Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Милли мебошад. Барои хар як Тоҷикистони Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлати, Суруди милли муқаддасанд. Мо ба қадри ин муқаддасоти миллии худ бояд бирасем. Хизмат зери Парчами Ҷумхурии Точикистон дар сафҳои артиши миллиамон қарз ифтихори хар як ҷавонмарди тоҷику Тоҷикистони дониста мешавад. Матни Суруди Милли, шакли Нишони давлати ва Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистонро Қонунхои давлати тасдиқ намудаанд ва Низомномаҳои онҳо бо қарорҳои Мачлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст. Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи давлати сохибихтиёр, демократи, хуқуқбунёд, дунъявӣ ва ягона, ифодагари дўстии пойдори хаммаи халқу миллатхои кишвар мебошад. Эҳтироми воло ва донистани Суруди Милли вазифаи муқаддаси хар як шахрванди кишвар аст. Иҷрои Суруди милли қоидаҳои худро дорад яъне онро дар ҳар кучаю дар ҳар як маърака хондан мумкин нест. Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, хуб азёд карда ба таври овози зинда хондан лозим аст. Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанггоми оғозу анҷоми ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллии ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикисон, ҷаласаҳои вакилони халқи ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо, ноҳияҳо, маҷлису ҷамъоматҳои тантанави ва ҷашнҳои ҷумҳуриявии мувофиқи Қонуни иди умумихалқи эълон гардида иҷро карда мешавад. Суруди миллиро дар оғози барномаҳои телевизиони ҷумҳури дар рузҳои идҳои умумимилии Рузи байналхалқии занон, Рузи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикиситон, Рузи Кониститутсия ҳамаруза дар ибтидо ва анҷоми барномаҳои радиои умумиҷумҳуриявии Тоҷикистон ҳангоми гузаронидани ҷамъомаду ҷашнҳо ва тадбирҳои дигари мақомоти давлати ва иттиҳодияҳои ҷамъияти, корхона, муассисаҳо ва ташкилотҳо мувофиқи иҷозати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон додашаванда, маросимҳои барафшондани Парчами давлати, пешвозгири ва гусели сарварони давлатҳо ва ҳукуматҳои давлатҳои хориҷии расман ба Тоҷикистон ташриф оварда ва дигар ҳолатҳои хатмии пешбиникардаи қонунгузори иҷро мекунанд. Ҳангоми иҷрои Суруди милии иштирокдорон Сурудро рост истода мехонанд.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ