Ба муқаддасоти Тоҷикистон арҷ мегузорем.

Худшиносии миллӣ тавассути таълиму тарбияи хуб ва донишу маърифати баланд ба даст меояд.Пешниҳоди маорифчиёни ВМКБ доир ба пеш аз оғози машғулиятҳои таълимӣ хондани Суруди миллӣ дар муассисаҳои таълимӣ хеле хуб мебошад. Зеро ин иқдом барои баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ хештаншиносӣ ватанпарастӣ мусоидат хоҳад намуд. Насли ҷавон бо қироат кардани суруди миллӣ пеш аз оғози машғулиятҳо дар раванди иҷтимоиикунонии сиёсии шахс мусоидат менамояд. Хуб мешуд натанҳо дар муассисаҳои таълимӣ балки дар муассисаҳои то мактаби Суруди миллиро кўдакон низ қироат намоянд.

Маърифатнокии ҷавонон аз донистани таърихи гузаштагон вобаста аст. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои истиқлолият дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷамъиятӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардид, ки мо онро дар мисоли ҳаёти ҷавонони кишвар хеле равшан мушоҳида менамоем.Худшиносӣ мақому манзалати инсонии худро бо решаҳои таърихӣ, бо сарнавишти миллату халқи худ ва бо аҳли башар дарк кардан аст. Ифтихор аз гузаштаи таърихи кўҳанбунёди хеш вақте пайдо мешавад, ки аз он огоҳ бошӣ, онро мояи омӯзиш, ибрат ва шукўҳмандӣ бидонӣ. Сарвари давлат аз ҷавонон даъват ба амал оварданд, ки идеологияи ватанпарастӣ идеологияи асосӣ ва мавриди парастиши онҳо қарор гирад.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ