Ба модар - ватани худ хиёнат накунед

Барои ҳамагон равшан аст, ки дар Тоҷикистони азиз мо атласу адраси чашмрабои мардуми Суғд, гулбасту куртачаканҳои дилкаши ҳунармандони Хатлон, гулдўзиҳои нотакрори чеварони минтақаи Рашт, алочаву шоҳии чирадастони водии Ҳисор, рангҳои пурҷилои куртаву тоқӣ ва ҷўробҳои зебои занҳои ҳунарпарасти Бадахшон хеле овозадор буда, либоси миллии мо маҳз бо ҳамин рангу ҷилоҳои минтақаҳои кишвари мо дар ҷаҳон муаррифӣ гардидааст.

Аммо, чи тавре ки мушоҳида мегардад, солҳои охир ҳусни либоспўшии занони тоҷик тадриҷан коста гардида, сари ин масъалаи марбут ба ҳуввияти миллӣ ва фарҳангӣ баҳсҳои доманадор ба вуҷуд омадаанд ва ҳозир низ идома доранд.

Имрўзҳо, мутаассифона, мушоҳида мекунем, ки духтарон ва баъзан занҳои тоҷик аз пушти мўди, хориҷии барои мо носозгор рафта, либосҳоеро ба бар мекунанд, ки ба онҳо ҳеҷ зебанда нест, балки баръакс, ҳусни зебои онҳоро мекоҳонад, ҳусни зебои модарзодиашонро доғдор месозад.

Дар робита ба ин масъала Сарвари давлат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромади худ бахшида ба Рўзи модарон чунин таъкид карданд: “Вақтҳои охир тамоюли бегонапарастӣ ва бафарҳанги бегона майл намудани занону духтарони кишвар, ташвиқи либосҳои бегона дар баъзе шаҳру ноҳияҳои мамлакат низ ба як раванди ташвишовар табдил ёфтааст. Ҳисси бегонапарастӣ ва тақлидкорӣ дар мавриди сару либос ва рафтору гуфтор дар байни занону духтарон метавонад ба устувории рукнҳои фарҳанги миллӣ таъсири манфӣ расонад. Агар иддае ба хотири тақлид ба ин тарзи либоспўшӣ завқ пайдо карда бошанд, баъзеҳо бо мақсади таблиғи ақидаҳои таҳмилӣ ин либосро миёни занону духтарони мо паҳн карда, мехоҳанд дар кишвар боз як ҷараёни нави ифротиро ҷорӣ намоянд”.

Ин падидаи зишт қариб дар ҳамаи зинаҳои синну сол ва вазифа реша давондааст. Баъзан дар кўчаҳои зебою бо духтароне вомехўрем, ки либосашон ба танашон чунон зебанда аст, ки гумон мекунед паризоде аст ва ба духтари тоҷик ҳаваси кас меояду беихтиёр ин маънӣ ба забон меояд: Ин қадар зебост духтари тоҷики мо!
Аммо боз духтаронеро мебинем, ки либоси бегонаи безеб ҳусни расояшонро, қомати раънои онҳоро чунон хира кардааст, ки афсўс мехўрад ҳар як шахси миллатдўст ва асили тоҷик.

Таҷрибаи таърихи гузашта ва воқеияти имрӯзаи кишварҳое, ки ба масъалаи таҳкими оила диққати ҷиддӣ надодаанд, нишон медиҳад, ки чунин беэътиноӣ боиси ба буҳронҳои шадиди маънавӣ ва демографӣ дучор шудани онҳо мегардад.

Дарҳақиқат чанд сол муқаддам тамоюли бегонапарастӣ ва ба фарҳанги бегона майл намудани занону духтарони кишвар, ташвиқи либосҳои бегона дар баъзе шаҳру ноҳияҳои мамлакат низ ба як раванди ташвишовар табдил ёфта буд. Ҳисси бегонапарастӣ ва тақлидкорӣ дар мавриди сару либос ва рафтору гуфтор дар байни занону духтарон метавонад ба устувории рукнҳои фарҳанги миллӣ таъсири манфӣ расонад.

Ҷойи хурсандист, ки солҳои охир таваҷҷўҳи роҳбарияти мамлакат ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ташвиқу тарғиби либоси миллӣ зиёд гардидааст ва ин, бешубҳа, сабаб дорад.

Таърих гувоҳ аст, ки зан ва модари тоҷик дар ҳама давру замон посдори оину анъанаҳои муқаддаси миллат маҳсуб гашта, яке аз нишонаҳои асосии фарҳангу тамаддуни миллатҳои мухталифи дунё либоси миллии онҳост. Вақте сухан аз либоси миллӣ меравад, ҳатман пеши назар симои занон бо сару либоси хосаи зебо пеши назар меояд, чаро ки занро олиҳаи ҳусн мегўянд. Либоси миллӣ як рукни фарҳанги миллат ба шумор рафта, ёдгоре аз гузаштагон аст, ки дар тўли қарнҳо зебоиашро гум накардааст ва минбаъд низ гум нахоҳад кард.

Аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» чанд сол сипарӣ шуд. Бо назардошти нақш ва аҳамияти қонуни мазкур ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи одобу ахлоқи ҳамида, ватандӯстиву меҳанпарастӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ, аз байн бурдани тамоюли бегонапарастӣ, тақлид ба фарҳанг ва либоспӯшии ғайр, пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонон имрӯз таҳти назорати ҳаррӯзаи мақомотҳои маҳаллӣ, Ҳукумат ва сохторҳои давлатӣ қарор доранд.

Аз хиёнат ба Ватану падару модар гуноҳи азиму бузургтаре нест. Афсуски хиёнаткорони давлати худ то ҳоло ҳам дар дигар мамлакатҳои дунё зиндагӣ карда, нисбат ба Тоҷикистон хулқу атворҳои бад-хусумат, бахилӣ ва монанди инҳо равона мекунад. Исботи ин мулоҳизаҳо мақола бо ном “Шуравӣ нисбат ба дин ва диндории мо ин қадар зулм намекард” мебошад, пурра аз туҳмат иборат аст. Онҳо намедонад, ки бузургони мо, хусусан муаллими сонӣ Форобӣ дар асарҳои «Ас-сиёсат-алмадамия», «Орои аҳли мадинат-ал-фозила» чунин кайд кардааст: мақсади олии инсон ба туфайли амалиёти неку саодатманд шудан аст. Фақат он некӯиҳое, ки ба фоидаи давлат нигаронида шуда, тартиботи ҷамьиятиро мустаҳкам менамояд, писандида мебошад. Хулқу атвори бад: хасиси, бахилӣ, фиребгарӣ ва монанди инҳо боиси залолат, гумроҳӣ мегардад.

Ба чунин ақидаҳои душманона бетараф будани инсонҳо ва аҳли ҷамъият оқибати ниҳоят бад дорад. Мо бояд фарзандон ва шаҳрвандони худро дар дохил ва хориҷи кишвар зери назорати қатъӣ қарор диҳем, нагузорем, ки онҳо фирефтаи тарғиботи гурӯҳҳои бегонапарастӣ шаванд, ба онҳо ҳамроҳ гарданд, ба модар - Ватани худ хиёнат кунанд.

Завқи фарзандонро ба азхудкунии касбу ҳунарҳои замонавӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ бедор карда, барои онҳо шароит муҳайё созем, то фарзандони мо забондону соҳибихтисос ва шоистаи даврон гарданд.

Р.Усанов, С.Ҷӯраева - дотсентони донишгоҳ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ