Аъзоёни ТЭТ ҲНИ барои сармояи хоҷагони хориҷа ватанфурӯшӣ доранд
Хоинони миллати тоҷик Муҳиддин Кабирӣ, Темур Варқӣ, Ҳаким Раббимпур, Равшани Темуриён, Илҳом Ёқубов ва дигарон барои пулу сармоя шуда, аз тамоми арзишҳои милливу динӣ рӯй гардониданд. Нишони равшани ин гуфтаҳо он аст, ки Муҳиддин Кабирӣ дар замони фаъолияташ дар Тоҷикистон ҳанӯз дар ҷамъомад ва чорабиниҳои расмӣ ба ҳайси вакили парлумон ба ҷойи Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон порае аз сураи Қуръони маҷидро гузошта, дар минбари суханрониаш на Нишони Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки рамзи ҳизби касифи наҳзаташро мегузошт. Ба фирки кӯтоҳу авомфиребандаи худ Кабирӣ чунон вонамуд менамуд, ки гӯиё дар Тоҷикистон танҳо ӯ мусалмон асту арзишҳои диниро эҳтиром ва тарғиб менамояд. Ин рафтори мардумфиребонаи террорист Муҳиддин Кабириро афроди хурофотпарасту ҷоҳил пайравӣ мекарданд. Вақт собит намуд, ки касоне, ки ба Кабирии террорист пайравӣ карданд ё мисоли саги дайду сарсону зор шуданд, ё бехонаву дар шуданд, ё аз зану фарзанд ҷудо шуданд ё дар амалиётҳои разилонаву хиёнаткорона бар зидди давлату миллат ваҳшиёна ба ҳалокат расиданд. Барои Кабирӣ, ки бо мақсади ҷалби бештари сармояи хоҷа кӯшиш намуда истодааст мазҳаби аҷдодӣ низ мисли арзишҳои фурӯхташаванда буда, ҳатто исботи таърихии хешро дарёфтааст, ки ӯ барои ба боварии хоҷагонаш даромадан ҳатто мазҳабашро иваз намудааст. Имрӯз, Темур Варқӣ, Равшани Темуриён, Ҳаким Раббимпур, Алим Шерзамонов, Илҳом Ёқубов, Сайидюнуси Истаравшанӣ ва дигар хоинони миллат ба Кабирии беномус пайравӣ намуда, дидаю дониста ҳаёти хешро қурбони сиёсатҳои разилонаи ин гумроҳ ва хиёнатпеша намуда истодаанд. Мо ба ҳар шакле, ки бошад фаъолияти террорист ва хоини миллат Муҳиддин Кабирӣ ва пайравони гумроҳашро маҳкум намуда, зикр медорем, ки аз барои сармояи хоҷа пушти по задани арзишҳои милливу динӣ ба Кабирӣ рӯзе фаро мерасонад, ки зери по ва сарсонтару саргардонтар мешавад.