Аз таҳдидҳои иттилоотӣ худро дифоъ намоем
Бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 августи соли 2019 ташкилоти «Паймони миллии Тоҷикистон» иттиҳоди террористӣ - экстремистӣ эътироф шуда, фаъолияти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ гардидаст. Ин ташкилот бо мақсади тарғиби ғояҳои экстремистӣ - террористӣ, бадном кардани Тоҷикистон ва ба вуҷуд овардани кинаву адовати динӣ ва миллӣ дар ҷомеа ташкил шуда, ин аломатҳо дар наворҳои интернетии онҳо мавҷуд мебошад. Зеро иттилоотҳои низоъангези онҳое, ки дар ин сомонаҳо паҳн мешаванд, пур аз туҳмату буҳтон нисбат Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардуми он аст.
Ҳадафи асосии ташкилоти террористӣ - экстремистии «Паймони миллии Тоҷикистон», ки имрӯз баъзе шаҳрвандони тоҷик ба он шомил гаштаанд,барои мустаҳкам демократия ва адолати иҷтимоӣ набуда, балки дар замони муосир бозичаи дасти баъзе кишварҳои манфиатдори хориҷӣ гашта, ҳаракатҳои онҳо зиддиинсонӣ мебошад.
Тағйир додани асосҳои сохти конститутсионӣ, вайрон кардани амнияти кишвар, ташкили созмону ташкилотҳои ноқонунии мусаллаҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғ. мақсадҳои асосии ташкилоти «Паймони миллии Тоҷикистон» буда, бар зарари миллати мо равона гардидаанд. Аксарият намояндагони «Паймони миллии Тоҷикистон» чанд сол пеш Ҷумҳурии Тоҷикистонро тарк карда, дар Аврупо паноҳ бурданд ва бешармона ҳуқуқи башарро шиори хеш қарор дода, дар муқобили Тоҷикистон амалҳои манфури худро анҷом медиҳанд. Маълумотҳое, ки бо воситаи сомонаҳои худ паҳн мекунанд, ягон далелу асос надошта, аз дурӯғ иборат буда, ғайримантиқӣ ва туҳмат аст. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ онҳо фаъолияти ғайриқонунии худро идома дода истодаанд, ки ба забони нафрат ва таблиғи ғояҳои терроризм, идеологияи ифротгароии зӯроварӣ, ифротгароии динӣ асос ёфтаанд.
Муваффақиятҳои пайдарпаи Тоҷикистон ва Ҳукумати мамлакат дар тамоми самтҳои хоҷагии халқ онҳоро башиддат нороҳату асабонӣ кардааст. Гарчанде роҳбарияти ТТЭ ҲНИ зоҳири хешро иваз намуда, худро ба ҳайси як созмони демократӣ ба намоиш гузошта бошад ҳам, вале аз бартариҷӯии динию мазҳабӣ ва шеваи хушунат, ки ҳамеша зидди озодиву ҳуқуқҳои башаранд, даст накашид. Аз рӯи маълумотҳои мутахассисон ТТЭ ҲНИ бо иқдоми ташкили паймони нав ба мисли найрангҳои солҳои 90-ум азм дорад амалҳои террористиву экстремистияшро зери ниқоби ин паймон амалӣ созад. Яъне «Паймони миллии Тоҷикистон» - ин ҳамон ТТЭ ҲНИ бо номи дигар аст. Қаламбадастони хоину беномус, мисли Сайидюнуси Истаравшанӣ ба маҳзи ризоияти муассисонашон аз ҳеҷ дурӯғу туҳмат нисбат ба давлату Ҳукумат ва мардуми тоҷик парҳез намекунанд.
Ба ёд орем, ки роҳбарияти наҳзат дар оғози даврони Истиқлолияти давлатӣ ба ҷойи ҳимоят аз истиқлолияти сиёсии кишвар ва арзишҳои миллӣ барои расидан ба қудрат мардуми ноогоҳро аз минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ба пойтахти кишвар оварда, ба ҷанги шаҳрвандӣ кашонданд. Мо бояд фазои иттилоотии мамлакатамонро аз чунин воқеаҳо ва таҳдидҳои иттилоотӣ ба амнияти кишвар ҳимоя намоем.