Аз марги табиии Файзинисо Воҳидова ҳангома насозед
Тайи ду рӯз аст, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ баъзе афроди ноогоҳ аз қазияи марги Файзинисо Воҳидова ҳангомаю ҳаюҳуи навбатии иғвобарангезонаро ба хотири ба гумроҳӣ андохтани мардуми аз асли ҳодиса бехабар интишор намуда, бо ин роҳ мехоҳанд марги табии як нафар инсонро ба мақсадҳои нопоки хеш пайванд бахшанд.Ман ҳамчун табибе, ки бевосита аз раванди беморииФайзинисо Воҳидова огоҳ ҳастам, бо тамоми масъулият иброз медорам, ки набояд ин воқеа боиси каҷфаҳмию гумонҳои беҷо гардад. Асли воқеа чунин аст, ки санаи 20 декабри соли 2018 Воҳидова ба беморхонаи хусусии назди беморхонаи марказии шаҳри Хуҷанд муроҷиат намуда, дар он ҷо муддати чор рӯз табобат мегирад. Бемории кӯҳнаи ӯ (гепатит Б, ки се сол инҷониб ӯро азият медод), авҷ гирифта, боиси хунравии дарунӣ гардид. Бемор санаи 25.12.2018 ба шуъбаи эҳёи беморхонаи марказии шаҳри Хуҷанд гузаронида шуда, то санаи 3-юми январи соли 2019 дар вазнинхона табобат гирифт. Баъди худро хуб ҳис кардан ба утоқ бароварда шуд, вале шавҳараш талаб кард, ки бемор ба беморхонаи Бобоҷон Ғафуров интиқол дода шавад. Пас аз доданизабонхат ӯ ҳамсари худро ба беморхона ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бурд. Субҳи чоруми январи соли 2019 мо бохабар шудем, ки Воҳидова аз олам дар гузаштааст. Мо ҳамчун табиб аз рӯзи аввал барои табобати бемор тамоми чораҳоро дидем. Вале хунравии шадиди сурхрӯда ва таъсири шамолкашии шӯш, ки пеш муолиҷа нашуда будааст, вазъияти беморро боз ҳам вазнинтар сохт. Ман ба он хотир ин суханҳоро менависам, ки барои мо табибон инсон арзиши олӣ мебошад ва сарфи назар аз кӣ будани он вазифаи худро дар назди виҷдон иҷро менамоем. Аз ин рӯ, аз ин ҳодиса ба манфиати худ истифода бурдани бархе аз душманони халқу миллат, аз ҷумла Абдусаттори даюс ва Кури Саидюнуси мутаҳаму косалес, ки мақсадашон ҳамеша ноором сохтани вазъи сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, мо табибонро бетараф намегузорад. Мо ба ин сагони кӯчагӣ, беватану бебунёд, беору беномус ва бефаҳму бешуур гуфтанӣ ҳастем, ки воқеиятро ба тахаюлот мубаддал насозанд ва мардумро гумроҳ накунанд.Ин гумроҳони беимон мехоҳанд ба марги табии инсон оҳанги сиёсӣ дода, номи Тоҷикистонро дар арсаи байналмиллалӣ сиёҳ намоянд ва бо ин роҳ садоқати худро дар назди оятуллоҳои Эронии худ нишон диҳанд. Ин масали “Мурдаро мону тутхӯрӣ”-ро ба ёд меорад. Ин бадбахтон аз ҳар гуна ҳодисаҳову воқеаҳо ба манфиати худ истифодамебаранд, то ки дар назди роҳбарони бадмазҳабу риёкор ва палиду фосиқашон обрӯву эътибор пайдо намоянд.
Лаънати халқ бод бар он кас,
Ки зи дунҳиммативу беорӣ.
Хӯрда шири сапеди модарро
Даст ёзад ба ҳар саяҳкорӣ.
Салом Абдуғаффор (табиби беморхона марказии шаҳри Хуҷанд)