Аз ангеза ва андешаҳои бемантиқи бархе сомонаҳо дар ҳайратам...

Вақте ба сомонаҳои иҷтимоӣ рӯй меоварем, ҳазорон афкору андешаҳои саҳеҳ ё носаҳеҳ оид ба тақдири тоҷикон хосатан “ҷанги таҳмилиишаҳрвандӣ” ҷанги бародаркуш ибрози андеша оварда шудааст.

Халқи тоҷик дар масири таърих аз зумраи он халқиятҳои бузургу шарифе маҳсуб меёбад, ки дар сафҳаҳои таърихи худ ҳазорон маротиба афтодаву ҳазорон маротиба бо нерӯӣ бузургу тавонои хеш ба по хестааст. 12 феврали соли 1990 дар пойтахти РСС Тоҷикистон шаҳри Душанбе, ки ҳанӯз Иттиҳоди Шӯравӣ побарҷо буд, ҳазорон нафар “гӯё бо талаби адолати бештари иҷтимоӣва истеъфои роҳбарони собиқ ССР Тоҷикистон” ба хиёбони марказии шаҳри Душанбе ҷамъ омаданд. Дар натиҷаи пароканда намудани тазоҳурот 25 - нафар кушта шуд.

Дар манбаи “Озодӣ” гуфта шудааст:

“То замоне, ки Маҳкамов ба назди мардум баромада буд дар соати 16:00, аллакай дар соати 15:27 дақиқи ҷасадҳо ва заҳмиҳо хобида будаанд ва ҳадафи ин тиркушоиҳо боҳам задани вазъият буд, ҳоло далелҳои ман пурра нестанд, вале КГБ мардумро ба назди бинои КМПКТ – ивақт кашида буд. Агар КГБ ин гуна рафтор намекард, ҳодисаҳои хунини баҳманмоҳ рух намедоданд ва ин ҳодиса кишварро ба ҷанги шаҳрвандии соли 1992 намеовард. Дар давраи собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ ва умуман дар дигар давраҳо низ ягон ҳомии давлат нооромии кишвари худро намехоҳад, дар ҳолате, ки Хукумате он вақта сухани тазоҳургаронро ба инобат гирифта, фавран истеъфо намуданд то ин ки вазъият нооромтар нагардад ва ба зӯди комиссия таъсис дода шуд то ин ки ин ҳодиса омӯҳта шавад.

Кунун бо ибораи “баҳманмоҳи хунин” афкори осоиштаи мардумро халалдор нанамоем. Хар фарде солеҳ ба рафтору кирдори хеш дар назди халқ ва назди Худованд ҷавоб мегӯяд бинобар ин ҳар як шаҳрванди Тоҷикистонро ба оромӣ, осудагӣ, сулҳу ваҳдат ҳидоят менамоем ва барои тамоми аҳли башар сулҳи ҷовидонаро хоҳонем.

Сармуаллимаи кафедраи умумидонишгоҳии фарҳангшиносӣ Ҳайитбоева М.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ