АВОМФИРЕБӢ ТО КАЙ ДАВОМ ДОРАД
Барои мардуми Тоҷикистон сулҳу ваҳдат неъмати бузургест, ки бо талошу фидокориҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон насиб гардидааст. Имрӯз мамлакат бо баракати ҳамин сулҳу ваҳдат ба марҳалаи созандагию бунёдкорӣ ворид шуда, пайваста рушд мекунад. Аммо душманони миллат мехоҳанд, ки давлатро ғасб намуда, мардумро бори дигар ба гирдоби фоҷиа ва нобасомониҳо кашанд. Хабаре, ки кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон бо пахши эъломияи матбуотӣ эълон кардааст, ки мувофиқи он санаи 10 декабри соли ҷорӣ дар рӯбарӯи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Берлин, пойтахти Олмон гирдиҳамоии бузурге ташкил мекунад, ин кору найрангҳои навбатии ҷоҳилони миллати худ аст. Онҳо мехоҳанд, ки нафрати мардуми гумроҳро нисбати роҳбарияти кишвар бедор кунад. Аммо намедонанд, ки шахсони ғаразгӯй ҳеч вақт ба мақсади худ намерасанд. Воқеиятҳои имрӯз нишон медиҳанд, ки дигар мардум ба ин хел ҳизбу ҳаракатҳои эътимод надоранд ва амалиётҳои онҳо барои ҷомеаи тоҷик комилан нолозим аст. Онҳо як чизро фаромуш карданд, бо ин хел амалҳо дар дили мардум ҷой гирифта наметавонад, баръакс дар замириодамон ба худашон нафрат пайдо карда истодаанд.
Р.Усанов, дотсенти кафедраи
сиёсатшиносӣ ва фарҳангшиносӣ