Андоза нигаҳ дор, ки андоза накуст!
Имрӯз беш аз пеш маълум мегардад, ки нақши воситаҳои ахбори омма дар ҳаёти ҷомеаи муосир чӣ гуна бузург аст. Дар ҳақиқат, воситаҳои ахбори омма ба ташаккули афкори ҷомеа таъсири муқтадир ва муассир мерасонанд.
Онҳо хусусан дар замони таҳаввулот ва тағйирёбии самтҳои рушди ҷомеа, бадалшавии идеологияҳо ва ташаккули диди нави иҷтимоӣ аҳамияти хоса пайдо мекунанд. Ҳама гуна ҷомеаи демократӣ, алалхусус ҷомеаи кишварҳое, ки нав ба ин ҷода қадам гузоштаанд, ба воситаҳои ахбори омма ва фаъолияти пурсамари онҳо ниёзманд мебошанд.
Вобаста ба ин хуб мешуд, агар сомонаи “Ахбор” ва сардабири он низ баҳри пешрафти Ватани худ хизмат мекарданд. На бо мақсади он, ки ана ин навишта ва ё ин хабар сомонаро серхонандаву серхаридор мекунад. Ҳамон ахбор ва далелҳое, ки шумо Мизои Салимпур ҳамчун пешбаранда ва ё серхаридор намудани сомонаи худ меҳисобед ҳезуми тарест, ки бешак дар байни ҷомеа оташи бадбинӣ ва рашку ҳасудро ҷорӣ менамояд ва боиси ана ҳамин гуна ба эҳсосот дода шудани шумо ва берун аз доираи одоб сухан ронданатон мешавад.
Таҷрибаи Тоҷикистони соҳибистиқлол нишон медиҳад, ки таъсири сомонаҳои хабарӣ ҳамчун яке аз воситаҳои асосии таъсиррасонӣ ба афкори ҷомеа метавонанд ба ҳалли мушкилоти мавҷуда фаъолона мусоидат намоянд. Сомонаҳои хабарӣ набояд аз ваколатҳои худ сӯиистифода намоянд. Набояд ба тамоюли низоъангезиву тафриқаандозӣ, сарфи назар кардан аз арзишҳо ва манфиатҳои миллӣ, тарғиби фаҳш ва дигар кирдорҳои ношоиста роҳ диҳанд.
Хуб мешуд агар шумо ва сомонаатон суханҳои чидашударо, ки ҳамчун хабар ба шумо пешкаш мекунанд ба тарозуи ақлу идрок андохта, бо риояи одоби рӯзноманигорӣ ҳолатҳои мусбӣ ва манфии онро ба сомонаи худ ва ҷамъият ба ҳисоб мегирифтед. Беҳуда нафармудаанд: “Суханчини бадбахт ҳезумкаш аст”.
Ин хабаррасонҳои шумо тавонистаанд, шуморо ба як сангале, ки бо ниҳодҳои давлатӣ мубориза мебаред табдил диҳанд.
Шумо ва хабаррасонҳои шумо бояд аз чоп ва пахши маводе худдорӣ намоед, ки ба нуфузи кишварамон дар арсаи байналмилалӣ таъсири манфӣ расонида, боиси рӯҳафтодагӣ ва навмедии мардум нагардад ва вазъи ҷомеаро ноором насозад.
Аз рӯи маълумотҳои мавҷуда аён аст, ки дар солҳои соҳибистиқлолии кишварамон шумораи расонаҳои хабарии мустақил хеле афзудааст ва аз лиҳози миқдор ҳоло онҳо нисбат ба расонаҳои хабарии ҳукуматӣ ба маротиб зиёданд.
Ҳоло дар мамлакат 44 шабакаи радиотелевизионӣ амал мекунад, ки аз ин миқдор 28 шабакаи радиову телевизиони хусусӣ мебошад.
Ин, албатта, хуб аст, зеро фаъолияти озоди воситаҳои ахбори омма яке аз нишонаҳои асосии рушди ҷомеаи демократӣ ва шаҳрвандӣ мебошад. Ҳар яке аз ин расонаҳо ба таври худ фазои иттилоотии мамлакатро пур карда, дар инъикоси равандҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа ҳиссаи хешро мегузоранд.
Хуб мешуд, агар сомонаи “Ахбор” – и шумо "муҳтарам" Мирзои Салимпур низ дар ин раванд баҳри гул – гул шукуфии Тоҷикистион ва ташвиқу тарғиби ҳадафҳои пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекард, на ба таҳлил ва баррасии шахсиятҳои алоҳида, ки боиси баҳсбарангезӣ ва коста шудани мартабаи сомонаи “Ахбор” мегардад.
Кучибоев Ш.И. и.в. мудири кафедраи умумидонишгоҳии педагогикаи умумӣ.
Қаюмов С.Р. муаллими кафедраи умумидонишгоҳии педагогикаи умумӣ