Андешаҳои созанда ва ҳидояти раҳнамунсози Пешвои Миллат
Муттафаккир, донишманди шаҳири тоҷик Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар китоби машҳури худ “Захират-ул-мулук” оид ба ойини сарварӣ андешаҳои ҷолибро баён сохта, нӯҳ шарти сарварӣ, давлатсолорӣ, сиёсатмадориро хеле мӯъҷаз баён сохтааст.
Яке аз шартҳои ойини сарвариро Ҳамадонӣ чунин мешуморад, ки сарвар, ҳоким, подшоҳ дар ҷараёни ҳаллу фасли корҳои давлатӣ ҳамеша ба илму маърифат, аҳли уламо, донишмандон такя намояд. Чунки машварату маслиҳат бо аҳли илму маърифат, уламо ба сиёсатмадорон ақлу хирад, садоқат, роҳи дуруст, адлу инсоф, мардумсолорӣ, фарқи байни ҳаққу ноҳақ ва адлу эҳсонро ҳидоят мекунад, чуноне, ки фармудаанд:
Ақлҳоро ақлҳо ёрӣ диҳад,
Машварат идорку ҳушёрӣ диҳад.
Ойини сарварӣ, давлатдорӣ, мардумсолорӣ, рафтору амали Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин фармудаҳои Ҳамадонӣ созгор ва пойдор аст. Эмомалӣ Раҳмон аз нахустин қадамҳои хеш ба арсаи сиёсат ҳамеша ба илму хирад, маърифат, дониш, адлу инсоф такя намуда, зимоми давлатдориро бо дасти хирад идора мекунад. Ӯ рӯзи дуюми ба сифати Сарвари давлат ба пойтахти ҳанӯз ноорому нобасомон - Душанбе омаданаш нахуст бо аҳли илму адаб мулоқот ва маслиҳату машварат ороста буд.
Дар он айёме, ки таҳаммул, ҳамдигарфаҳмӣ, мусолиҳа ва мувозинат дар ҷомеа аз даст рафта, бисёр арзишҳои маънавӣ коста гашта буд, Сарвари хирадманди тоҷикон домони хираду донишро ба даст гирифта, такя ба илму адаб, зиёиён намуд.
Мулоқотҳои анъанавии Пешвои муаззами кишвар бо аҳли зиё дар арафаи Наврӯзи Аҷам ва Дарси сулҳи Президент дар Рӯзи Дониш ва оғози Соли нави таҳсил далели хираддӯстӣ, илмпарвараӣ, маорифпарварӣ ва адабпарвар будани Сарвари хирадманди тоҷикон аст.
Мулоқоти навбатии Президенти мамлакат бо намояндагони аҳли маориф, олимон ва зиёиён, ки дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи якуми сентябр баргузор гардид, аз собитқадамии сиёсати маънавибунёди Пешвои миллат шаҳодат медиҳад. Дар ин мулоқот мисли дигар вохӯриҳои Сарвари давлат бо аҳли маориф андешаҳои созандаву хирадмандона ва ҳидоятҳои раҳнамунсоз садо доданд.
Пешвои миллат дар суханронии худ вазъи кунунии ҷараёни ислоҳот дар соҳаи мактабу маориф ва рушди онро хеле дақиқ, амиқ таҳлил намуда, аз пешравиҳо, комёбиҳо ва камбудиҳои ҷойдошта ёдрас шуданд.
Дар мулоқоти навбатӣ Пешвои миллат бештар ба нуқсонҳои мавҷуда ишора намуда, роҳҳои бартараф намудани онро муайян ва мушаххас намуданд. Сардори давлат махсусан қайд намуданд, ки имрӯз масъалаи аз ҳама муҳим ва калидӣ - таваҷҷӯҳ ба баланд бардоштан сатҳу сифати таълим, тайёр кардани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи замон ва меъёрҳои ҷаҳони муосир мебошад. Марҳилае расидааст, ки - таъкид намуданд Пешвои миллат - мо бояд аз шумора ба сифат гузарем.
Президенти кишвар ба омӯхтани илмҳои дақиқ, забонҳои русиву англисӣ, мутолиаи бештари китоб, азхуд кардани забони модарӣ, таъриху фарҳанги миллӣ, донишҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ таваҷҷӯҳи аввалиндараҷа зоҳир намуда, устодони макотиби миёнаву олиро ба баланд бардоштани сатҳи касбияти худ, бетараф набудан ба тарбияи насли ояндасоз даъват намуданд.
Нуктаи хеле ҷолибе, ки Пешвои миллат таъкид намуданд ин ошкор намудани камбудиҳо, норасоиҳо, на пинҳон кардани онҳо, балки аз пайиислоҳи онҳо шудан буд. Воқеан ҳам аз худи мо дида, каси дигаре дар бораи мавҷудияти норасоиҳо, захираву имкониятҳои истифоданашуда беҳтар намедонад. Аз ин рӯ мо аз ошкор кардани камбудиҳо бояд наҳаросем, балки сабабҳо, решаҳо, омилҳо ва ангезаҳои онро ошкор сохта, аз танқид натарсем ва наранҷем.
Устодон, омӯзгорон, кормандони соҳаи маориф, падару модарон бояд суханронии Пешвои миллатро дақиқ омӯзанд, баҳри таҷдиди назар ба соҳаи маориф, таҳияи барномаҳои нави ислоҳот, таълиму тарбия кӯшиш намоянд ва андешаҳои ояндасоз ва хирадмандонаи Пешвои миллатро барои худ чун ҳидояти раҳнамунсоз қабул намоянд.
Шавкат Шарифов, Иброҳим Ҷабборов устодони ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров