Андешаҳои солими Сархатиби вилояти Суғд

Ба ҳукми анъана даромадааст, ки охири ҳар сол ҳама кору фаъолиятҳо ҷамъбаст карда мешаванд, аз бохту пирӯзиҳо хулосабарорӣ мешавад. Бо дарназардошти натиҷаҳо раванди минбаъдаи фаъолият барои солҳои оянда тарҳрезӣ мегардад. Вобаста ба фаъолияти сиёсию идеологии гурӯҳҳои ба ном «мухолиф», бамислиҳизбитеррористии наҳзатиислом, кисарвари он МуҳиддинКабири,“номаи солинавиро”дар фейсбук интишорнамуда, бозякбори дигар дурӯягии худрозоҳир намуд.

Дурустқайдкарданд Сархатиби вилояти Суғд Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода. “Дар байни ин номаҳо чашмам ба матни муборакбодии соли нави мелодии роҳбари ТЭТ-и Ҳизби хиёнаткори Наҳзат (имрӯз номи ташкилоти экстремистӣ-террористиашро иваз кардааст) Муҳиддин Кабирӣ бархӯрд. Ман аз ин дурӯягӣ дар ҳайрат мондам ва маънои даҳҳо оятҳои Қуръони карим, ки дар ҳаққи шахсоне, ки зоҳирашон хилофи ботинашон, ончӣ дар дилашон нест, бо забон мегӯянду онро рӯи коғаз меоранд ва ошкоро мегӯянду хилофи онро дар дил пинҳон медоранд, пеши назарам омад. Ва ба худ гуфтам: Муҳиддин Кабирӣ то рӯзе, ки дар Эрон назди охундҳо буд, солшумории мелодиро ҳаром ва табрикоти онро маҳкум мекарду имрӯз хилофи ақидаи худ амал мекунад,”

Мӯҳтарам ҲоҷӣҲусайнМӯсозода, якеазшахсони мӯътабари Тоҷикистонваолими шинохтаи соҳаи диншиносӣ мебошанд,ки ҳеҷгоҳ сухани хаторо интишор намекунанд ва ҳамаи гуфтаҳои мавсуф, ҳақиқатан, дурусту бамавридаст. Сардорон ва пайравони ҲНИ, ки ҳизби террористи эълоншуда, фаъолияташдар Тоҷикистон ва давлатҳои дигари Осиёи Марказӣ ва Руссия манъкардашудааст, ба пуштибонони идеологиашон хушоматкарда, мехоҳанд маблағ ба даст оваранду дар тиҷоратҳои хонаводагӣ, иқдомҳои зиддимиллиашон истифода баранд. Онҳо бо маслиҳати роҳбарони “маънавиашон” дар марҳилаи аввал гурӯҳчаҳоеро чун «Анҷумани озодандешони тоҷик», «Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон», «Ҷунбиши муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар иттиҳоди Аврупо», созмон доданд. Сипас «паймон»-е ташкил карданд, ки хеле зуд аз ҷониби “ақлҳои солим” унвони «Паймони зиддимиллии Точикистон»-ном гирифт. Бо ҳамин роҳ онҳо аз ҷиноятҳои алайҳи миллат содиркардаашон худро раҳо додан мехостанд, лекин тирашон шикаст хӯрд ва ин шикасти навбатӣ дар соли сипаришуда буд.

Бо табрикоти солинавӣ Кабирӣ мехоҳад, ки гуноҳҳои дар назди миллат кардаашро рӯйпӯш намояд ва дар соли нави мелодӣ роҳҳои нави муборизаи идеологиро бо ҳукуматиТоҷикистон пешанамояд Наҳзатиҳо мехостандва мехоҳанд худро ҳамчун нерӯи сиёсии ҷонибдори демократия ва ҳуқуқу озодиҳои инсон, нишон диҳанд. Аммо чи хеле, ки ба ҳамагон маълум аст иштироки намояндагони ҷумҳурӣ дар кори “конференсия”, ки қабланнаҳзатиён барпонамуданд ва хусусан баромади яке аз асосгузорони Ҳизби наҳзати исломӣ Айёмиддин Сатторов тамоми нақшаҳои онҳоро барбод дод. А. Сатторов ва дигар намояндагони Тоҷикистон ба таври ошкоро ва далелҳои аниқ ҷиноятҳои содир намудаи роҳбарону пайравони ҲНИ-ро дар солҳои қабл ва давраи ҷанги шаҳрвандӣ, инчунин баъди он баён намуданд

Лекин ба андешаи ман террористони наҳзатӣ аз фаъолияти зиддимиллии худ даст кашиданӣ нестанд. Аниқтараш онҳоро намегузоранд, зеро зиёд гирифтанду хӯрдаанд. Қарзҳояшонро бояд тавассути амалҳои хиёнаткорона бар зидди миллати тоҷик ҷуброн кунанд. Яке аз чунин амалҳо ҳамон табрикоти солинавӣ аст,ки аз қаръи дилбаён нашудааст ва барои мардуми тоҷикро фирефта намудан ва худродарназди хоҷагони Аврупоӣ чунмуборизидемократиянишон додан, равонакардашудааст.. Ин ҷо мехоҳам суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ёдовар шавам, ки гуфтаанд: «Бузургтарин хатарҳое, ки ба ҷомеаи муосир таҳдид доранд, таассубу ифротгароӣ, терроризм ва бо мақсадҳои ғаразноки гурӯҳӣ ба тарзи сунъӣ сиёсӣ намудани ислом аст. Ҳимояи ислом аз ин зуҳуроти номатлуб танҳо кори мақомоти давлатӣ нест, балки вазифаи асосии иттиҳодияҳои динӣ, Маркази исломии Тоҷикистон, Шӯрои уламо ва ҳар як донишманди улуми исломӣ низ мебошад. Зеро касе ҳаққи сӯиистифода аз эътиқод ва эътимоди динии мо ва махлутгардонии онро дар муборизаҳои шахсиву сиёсӣ надорад. Ифротгароӣ ва таассуб дар ҳар шакл ба ҳар миллату давлат ва дину эътиқоди мардум хатари зиёд дорад»

Пешвои миллат, дурустқайд карданд, ки мутаассифона, масъулони сохтору мақомоти давлатӣ, ходимони дин ва онҳое, ки дониши динӣ доранд, ба ин масъала на ҳамеша бо ҷиддият машғул мешаванд ва баъзе мавридҳо дар рафъи ин камбудиҳо камфаъолиятӣ ё ҳатто бепарвоиву бетарафӣ зоҳир менамоянд. Мо, омӯзгорон ва умуман ашхосоне, ки дорои илм ва тафаккури баланд ҳастанд, роҳбарони ташкилоту идораҳои давлатию ғайридавлатӣ дар муборизаи идеологӣ муқобили зуҳуротҳои террористӣ ва экстремистӣ канорҷӯи накунем, зеро аз амалҳои мо низ сулҳу субот дар Тоҷикистони азизамон вобастагӣ дорад.

Т.Каримов - мудиришӯъбаи робитаҳоибайналмилалии ДДХба номи академик Б.Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ