Амали навбатии ватангадоён!!!

Нафарони шомили ТЭТ ҲНИ ки фаъолияти онҳо дар қаламрави Тоҷикистон бо сабаби характери экстремистӣ ва террористӣ доштан манъ карда шудааст, то ҳанӯз ором нагирифтаанд. Дар гӯшаҳои гуногуни олам ин нобакорон тавассути сомонаҳои иҷтимоӣ тавассути шабакаҳои хориҷӣ бар муқобили ҳукумати Тоҷикистон баромад карда истодаанд. Тамоми мардуми сулҳдӯсти тоҷик ба онҳо нафрат мехонанду бар зидди чунин нохалафон мубориза мебаранд.

Мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол низ кӯшиш дорад, ки чунин нафарони нобакори шомили ин ҳаракати террористиро дар ҳудуди худ ҷустуҷӯ намояд ва нисбаташон ҷазоҳои пешбини намудаи қонунгузориро тадбиқ созад. Аз ин лиҳоз, зиёда аз 700 нафар чунин нохалафон имрӯзҳо тибқи ҳукми қонунии суд дар маҳбасхонаҳо адои ҷазо намуда истодаанд..Аммо, шахсони нобакор ҳатто дар ин махкамаҳо ҳам орому бонизом нишаста наметавонанд. Воқеаи ҷойдошта дар маҳбазхонаи низомаш сахти шаҳри Хуҷанд, ки дар натиҷаи он чан нафар ҷавононисодиқу ватандӯсти кишвар ҷони худро бохтанд, нишонаи дилсиёҳӣ ва беимону беинсофии нафарони разил аз ҷумлаи азои ҳаракати “Давлати исломӣ” мебошад. Онҳо, ки барояшон фармони роҳбарашон болотар аз оядҳои “Қуръон”, шаъну шарафи Ватан ва эҳтиром ба падару модар меистад, ҳаракати фирор намудан аз маҳбазро намуданд. Роҳбарияти қонунии кишвар имрӯзҳо қудрати ҳифзи марзубуми Ватани азизамонро аз ҳаргуна ниҳодҳои сиёсӣ ва нафарони нобакорро дорад. Тавоно аст, ки мардуми меҳнатдӯсти Тоҷикистонро аз нохалафон ҳифз намояд ва сулҳу осоиштагии онҳоро таъмин созад. Мардуми бофарҳангу тамаддунофари кишвараз ин ҳодисаи нангин бохабар гашта сахт андӯҳгин шуданд, ки дар байни тоҷикистониён чунин нафарони хоин, разил, нобакор ва беимон ҳастанд. Ҳамаи мардум амали ношоистаи ононро маҳкум намуда омодагии худро ҷиҳати дифои Ватан аз чунин нобакорон изҳор доранд. Аҳолии кишвар сиёсати сулҳҷӯёна ва ободкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз самими дил дастгирӣ менамоянд ва боварии комил доранд, ки тоҷикистониён ҳамеша дар арсаи ҷаҳонӣ бо иқдомҳои шоиста ва тамаддуни қадима муаррифӣ мегардад. Ягон ҳаракату ҳизбҳои террористӣ наметавонанд дар байни мардуми тоҷик ихтилофе ворид намояд ва обрӯву иззати Тоҷикистонро дар сатҳи олам коҳиш диҳанд.

Лаънат ба разирони нобакор, ки ватангадову

сарсонанду дилсиёҳӣ мекунанд!!!!

Изҳороти устодони факултети биология ва химия


МАРКАЗИ ИТТИЛООТ