Амали бесаводонаи Муҳиддин Кабирӣ аз нигоҳи Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода
Баъди ғайриқонунӣ эълон гардидани фаъолияти Ҳизби наҳзати исломӣ роҳбари он Муҳиддин Кабирӣ ба хориҷи кишвар фирор намуда, зери ҳимояи хоҷагони хориҷии худ қарор гирифта, пайваста аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Тоҷикистон нотавонбинӣ ва изҳори норозигӣ мекунад. Дар ин ҷода ӯ тӯҳматҳои беасосе бар зидди сиёсати пешгирифтаи Тоҷикистон нисбат ба дин ва диндорӣ низ карда, мамлакати худро бо он айбдор кардани мешавад, ки нисбати онҳое, ки ҷонибдори дини ислом ҳастанд сиёсати нодуруст мебарад. Дар аслин гуна нест ва Сарвари давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон дини исломро дини муқаддас ҳисобида, онро дар аксар баромадҳои худ бонуфузтарин дин дар минтақаи Осиё ва махсусан Тоҷикистон ҳисоб мекунад.
Роҳбари Ҳизби террористию экстремистии Наҳзати ислом хоини Ватан ва душмани ашаддии миллати тоҷик Муҳиддин Кабирӣ чеҳраи ноаёни худро боз зери пардаҳои пинҳон ошкор намуд. Ин амали ӯ дар сомонаҳои интернетӣ аён гардидааст, ки онро Сархатиби вилояти Суғд Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозодаба бӯқаламун шабоҳат додааст.
Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозодасараввал доир ба дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми соли 2018 сухан ронда, изҳор медорад, ки соли 2018 барои мардуми тоҷик соли фаромӯшношуданӣ ба ҳисоб рафта, бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чархаи аввали Нерӯгоҳи барқӣ –обии Роғун ба кор дароварда шуд.
Воқеан ин амали Сархатиби масҷиди ҷомеъи ба номи Шайх Муслиҳитдини шаҳри Хуҷанд Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода шоёни таҳсин аст, зеро дар байни мардуми мусалмон соли нави мелодиро мисли дигар халқҳои ғайриисломӣ бо шукӯҳу шаҳомат ҷашн намегиранд. Вале Муҳиддин Кабирӣ бо табрикоти солинавии худ исбот карданӣ шудааст, ки соли нави мелодӣ дар асоси принсипҳо ва қонуниятҳои ислом дуруст аст.
Ин аз лагандбардори давлатҳои Аврупо будани Кабирӣ, ки ӯро зери қаноти худ гирифта барои амали намудани мақсадҳои нопоки худ истифода мебаранд далолат медиҳад.
Муаллими кафедраи умумидонишгоҳии таърихи халқи тоҷики факултети таърих ва ҳуқуқ Муҳаммадизода М.