Амалҳои номатлубро маҳкум мекунем

Пешвои миллат дар замони хеле душвор ба сари қудрат омаданд. Вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии кишвар табоҳ буд. Миллатро хавфи маҳву нобудӣ таҳдид мекард. Алангаи ҷанги бародаркуш рӯ зада буд. Нахустин вазифаи Пешвои миллат дар ин вазъият муттаҳид намудану ба созиш овардани ҷомеа-зери ливои арзишҳою ғояҳои нави миллӣ буд. Дар тўлисолҳоиИстиқлолият кишвари мо дар роҳи бунёди ҷомеаи мустақили демократӣ ќадамњои устувор гузошт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо сабру таҳаммул вазъиятро таҳлилу ташхис намуд. Ба сарварони кишварҳои дуру наздик барои ҳалли қазия вохӯрд. Инчунин сардорони гурӯҳҳои мухолифинро сари мизи мусолиҳаю гуфтушунид даъват кард. Музокира, сулҳу субот, ризоияти миллӣ-шиори ӯ гашт. Ба нияти худ ноил шуд.

Мардуми шарафманди кишварамон бо сарвари худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба асри XXI ворид гашт ва барои амалӣ гаштани мақсадҳои стратегӣ: соҳиб шудан ба истиқлолияти энергетикӣ, баромад аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба даст овардани амнияти озуқаворӣ қадамҳои устувор мегузорад.

Лекин дар рӯзҳои охир дар сомонаҳои иттилоотӣ маълумот пайдо шудааст, ки дар шаҳри Варшава ҳаққу ҳуқуқи шаҳрвандони кишвари мо поймол карда мешавад. Дар ҳамоиши моҳи сентябри соли 2019 ин созмон гуфта мешавад, ки «нишасти САҲА дар Варшава, ки аслан як нишасти ҳуқуқибашарӣ аст», аммо дар ин ташкилоти бонуфузи «ҳуқуқибашарӣ»-и Аврупо ба фаъолони ташкилоти террористии Ҳизби наҳзати исломӣ додани имконияти иштирок ва суханронӣ басо тааҷҷуб аст.Мо бояд инчунин рафторҳоро маҳкум намоем, зеро ин амалҳо бар зидди густариши ватани мо буда, баъзе шахсонро ба ҷоҳилӣ оварда мерасонад.

Ин амалҳои ношоиста аз тарафи душманон ва хоинон иҷро карда шудааст ва он бар зидди сиёсати сулҳпарваронаи кишвар хатти бӯҳтон мезанад.

Мо ин гуна ҳаракатҳоро маҳкум мекунем ва онҳоро даъват менамоем, ки аз амалҳои ноадолатонаи худ даст кашанд ва барои гул-гул шукуфии кишварамон саҳми худро гузоранд.

Юсупова М.А., Раҷабова М.М. –дотсентони кафедраи назария ва амалияи забони англисӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ