Агар дилаш заррае ба хоки ватанаш гарм мебуд…

Дар ҳафтаҳои охир аз тарафи муассис ва сардабири сомонаи “Ахбор” Мирзои Салимпур нисбат ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ) фикру мулоҳизаҳои туҳматангез қарор гирифта шуд. Ба гуфти ӯ дар як моҳ беш аз 200 мақолаву ҳазорон шарҳ ба зидди “Ахбор” ва ӯ навиштанд.

Ин шахси бефарҳанг бо мафҳумҳои қабеҳона сухан мегӯяд, ки ин рафтори хилофи тамоми меъёрҳои фарҳанг ва ахлоқи мардуми тоҷик аст.

Ба гуфти ӯ сомонаи “Ахбор” ва на Мирзои Салимпур на аз Эрон, на аз Кабирӣ ва ҳамин тавр, на аз ҷониби ҳукумат ягон бор пул нагирифтаанду намегиранд. Мирзои Салимпур на ба миллат ва на давлат хиёнате накардааст, душмани Тоҷикистон нест, балки ҳадафи Мирзои Салимпур аз таъсиси сомонаи “Ахбор” баракс хидмат ба миллат аст, чунки матбуоти озод ва мустақил низ як заминаи пешрафти давлатҳост.

Пеш аз ҳама ӯ ба саволҳо ҷавоб диҳад. Чаро ӯ аз ватани худ Тоҷикистон фирор кард? Ба пеши киҳо рафт? Имрӯз аз ҳисоби чӣ зиндагӣ мекунанд? Дар Аврупо барои озодона фаъолият намудан киҳо иҷозат додаанд? Аврупоиён аз ин хел шахсҳо чӣ интизор аст ва аз онҳо чӣ мақсад дорад?

Хулоса, ин шахси хиёнаткор имидҷи худро нафақат дар мамлакати худ, балки дар дигар давлатҳо аз даст додааст. Имрӯз барои баъзе ашхосон онҳо зарур аст ва ниятҳои бади ин хел шахсон дар мусофират боиси нафрат ва ғазаби сокинон мегардад. Онҳо дар кўчаҳои ғурбат ба ҳалокат мерасад.

Агар дилаш заррае ба хоки ватанаш гарм мебуд, бо мавқеи бетарафона, холисона ва мустақилаш хонандаро ба худ ҷалб мекард. Мавсуф мегӯяд, ки «матбуот барои ҳамин аст, ки камбудиҳоро бигӯяд, ба тарафҳои гуногун – ҳам ба ҳукумат ва ҳам ба мухолифонаш». Лекин худаш ин қонуниятро вайро намуда, яктарафӣ мекунад.

Воқеан, фаъолияти ин гуна шахсҳо боиси шармандагист ва афсӯски, онҳо то ҳоло ба чунин корҳои «ноҷавонмардона ва шантаж машғуланд».

Р.Усанов-дотсенти ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ