Афкори аҳмақона аз ин зиёд намешавад

Ман ба ин гуна афроде, ки доиман аз зери нохун чирк мекобанд ҳайрон мемонам. Зеро онҳл зиндагӣ магар надоранд. Ё сармашқи зиндагонии онҳо ин сиёҳ кардани ватанашон аз берун, ба хусус роҳбари давлат. Ба ҳамаи корҳои ношоям фақат сарвари миллатро айбдор карданро онҳо аз хоҷагони худ таълим гирифтаанд.

Мардум ҳама дида истодааст, ки ҳамин гуна мардуми арусаки хаймашаббозӣ (марионетка) ва бозичаи дасти яҳуди Исломситез, ки сарвари моро гумонбар мешаванд, оқибаташ чӣ шуда истодааст. Ана давлатҳои орому осудае, ки дар солҳои пешин буданд имрӯз ба чӣ гирифтор шудаанд. Дар давлатҳои онҳо низ ҳамин хел гурӯҳҳои махсускор бурдааст ва натиҷа тамошои театрии тамоми дунё шудаанд.

Агар муллоҳои мо дину имонашон комилан устувор мебуд имрӯз ба ин ҳол гирифтор намешуданд. Дар солҳои аввали 90-уми қарни бист ба онҳо ҳамаи дарҳоро боз карданд. Онҳо аз таълимоту афкори “хайрхоҳони миллат” таълим гирифта фикр карданд, ки ба ин васила мардумро мусулмон обод мекунанд. Давлатро ба вартаи нобудсозӣ оварда расониданд. Имруз худи онҳо он амалҳое, ки содир мекунанд мардум ҳама дар ҳайратанд. Мардумфиребиионҳоро гӯё ҳеҷ кас намедонад. Зери номи дину диёнат бисер корҳоро анҷом медиҳанд.

Натиҷа чи шуд: давлат фалаҷ, мардум гуреза, бачаҳо ятим, пирон ғами фарзандгумкардаву бехонаву ҷой ва ғайраву ҳоказоҳо.

Агар ба хабарнигорон дигар кори дуруст намонда бошад, касбашонро идома надода дигар кунанд ҳам майлаш.Мардумро гумроҳ кардан ва ба ватани худ хиёнат карданро омӯзонидан аз ин гуноҳи сахт дар назди Худову ватан набудагист.

Вокуниши устодони кафедраи забон ва адабиёти тоҷики факултети забонҳои шарқ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ