​Ноқисулақл натавонад шудан мард!

Дар зиндагӣ одамизод ба ҳар ҳолату ҳаводис дуҷор мегардад, ки аз он мебояд хулоса ва таҷрибаи дурустро баҳравар шавад. Ҳамаи ин таззодҳо барои ташаккули мафкураи фард ва мавқеи ӯ дар ҷомеа метавонад заминае бошад, ки барои раҳпаймоии ҳақ дар роҳи зиндагӣ имкон диҳад. Баъзе нафарони ба ном маълумотдор маънои гуфтаҳои болоро дарк карда наметавонанд ва даъвоҳои беасосу пучро ба худ муносиб медонанд. Сардабири сомонаи “Ахбор” Мирзои Салимпур, ки мехоҳад ба мардию мардонагии содиқони Тоҷикистони соҳибистиқлол шубҳае офарад, бехабар аз он аст, ки барои баҳо додан ба мардонагӣ мебояд аввало худ мард бошаду аз мардонагӣ хабардор?!

Марди комил дар сарзамини хеш ва аҷдодӣ ба тавлиду тарбияи оилаи солим, фарзандони солеҳ, бунёди боғи дарахтони мевадиҳанда, сохтани иморати оилавӣ ва дигар амалҳои шоиста машғул мегардад. Зеро, танҳо дар ин ҳолат соҳиби обрӯву иззат дар ҷомеа мегардаду баъд аз ӯ фарзандонаш ба номи падар фахр мекунанд. Вале, нафароне низ мавҷуданд, ки маънои зиндагиашон дарёфтани норасоии нафари дигар, кофтани чирки зери нохун, ибрози андешаҳои нохалафона ва дигар амалҳои ношоиста мебошаду ин мавқеъ онҳоро ватангадову дур аз қабрҳои волидайн кардааст. Ин аблаҳони нотавон қудрати дарки мардонагии ватандоронро надоранд...

Дар радифи изҳороти Мирзои Салимпур “Ба номардиҳои мардон ман чӣ гӯям? ” баён менамоям, ки номардониватангадо, нохалафони муғриз, фурӯхташудагони зархарид, ғуломони халқабаргӯши хоҷагони хориҷӣ ҳуқуқи маънавии гирифтани эрод ё сухангӯӣ нисбати вафодору содиқоне, ки барои ободонӣ ва шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол заҳмати доимӣ мекашанд, надоранд. Чунки, онон бехабар аз ҳиссиёти мардиву мардонагианд ва мебояд, ки аввало аз табиб давои бевиҷдонӣ ва разилии худро ҷустуҷӯ намоянд ва баъд аз сиҳатшавӣ дар қатори мардони майдон ҷой гиранд.

Лаънат ба рӯзноманигоре, ки қаламаш туҳмату иғворо навишта тавонад!!!!

М. С. Собиров, мудири кафедраи экология ва ҳифзи табиатифакултети геоэкология

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ