​Маҳалгароӣ хоси тоҷикони тоҷдор набояд!

Ман андеше дорам, ки имрӯз ҳар як инсони бонангу номус шукронаи сулҳу салоҳ, оромию ваҳдат намояд, гузашта аз ин халқи тоҷик яке аз халқҳои мутамаддин, соҳибзабону соҳибфарҳанг ва соҳибдин ба шумор меравад.

Мо мардумони форсу тоҷик ворисони Рӯдакиву Фирдавсӣ, Ҳофизу Бедил, Саъдию Камол, Фарзонаю Озарахш ҳастем ва нашояд байни инсонҳо, ки шарифтадин мавҷудот аст, тафриқа андозем, дар ҳоле, ки тафриқа андохтан байни инсонҳо мақбули худи ӯ нест.

Ҷумҳурии Тоҷикистон як минтақаи кӯҳсор ва биҳишосост, шукрона аз давлату миллат намоем, шукрона аз нозу неъмати ин сарзамини офтобӣ намоем.

Инсони бохираду оқил ҳеҷ гоҳ майл ба тафриқаро надорад. Аслан рисолати ҳастии инсонӣ аз васл кардан иборат аст, на аз фасл кардан.

Мардуми шарифи тоҷик ҳар куҷое, ки умр ба сар мебарад ва ҳар минтақае, ки он ҷо тоҷикон умр ба сар мебаранд, он ҷо “меҳру муҳаббат, хайру эҳсон, шафқу раҳмат” бояд ҳукмфармо бошад.

Мавлонои Румӣ дар асари безаволи худ “Маснавии маънавӣ”, аз ҳикмати Қуръонӣ доир ба якдилу яктан, якфикру якҷон будани аҳли башар ҳикоятҳои дилангез овардааст. Ё худ муаллими ахлоқ Шайх Саъдӣ фармудааст:

Бани одам аъзои якдигаранд,

Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.

Чу узве ба дард оварад рӯзгор,

Дигар узвҳоро намонад қарор.

Мардуми кӯҳистони Бадахшон дили чун обҳои шар – шараи худ мусаффо ва иродаи чун санги хоро қавӣ дорад. Мо ҳамагон як миллати шарифу нодир ва авлоди орифону поксиришт ҳастем, пас хирадро пеша намоем ва нагузорем, ки меҳани азизи мо “бо баҳонаи хореву хасе” мутафарриқ гардад.

Кафедраи умумидонишгоҳии информатика муаллима Абдуллоева Ш.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ