Мусоҳиба таҳти унвони: “чеҳраҳои намоёни Анҷумани озодандешони тоҷик ва ҳадафҳои онҳо”
АмалҳоиРавшан Темуриёнро чӣ гуна баён кардан мумкин аст?
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ рӯз то рӯз муборизаҳои сиёсӣ шиддат гирифтаистодааст, ки бархе аз чеҳраҳои барангезандаи ихтилофоти дохилимиллӣ бар он даст доранд. Аз зумраи ин қабил миллатфурӯшон Равшан Темуриён мебошад, ки бо паҳн кардани ҳар гуна маводи иғвоангезанда мафкураи солими мардумро заҳролуд сохта истодааст. Агар дақиқтар ба маълумотҳои паҳнкардани ӯ таваҷҷӯҳ намоем, аз сохтакориву ҳилландозиаш пай бурдан мумкин аст. Масалан, дар як мусоҳибаи Равшан Темуриён бо бунгоҳи таҳлилии ислоҳ дар посух ба суоли «Ҳолати ҳуқуқии инсонро дар Тоҷикистон чаро «вазъияти хатарноки инфиҷорӣ» унвон кардед?» иҷрои як қатор шартҳоро, ки ба манфиати душманони ваҳдат нигаронида шудааст, талаб кардааст. Бо ибрози агар хоҳанд, ки пояҳои давлатдории Тоҷикистон заиф нашаванд террористону экстремистонро аз зиндон озод намоянд, баҳри муборизаи озоди ҳамфикрони хеш дар дохили кишвар барои ҳокимият мусоидат созанд, омодаи ҷанг буданашонро нишон додаанд. Хулосаи асосӣ аз посухи Темуриён ба саволи мазкур чунин аст, ки агар ҳукумат талаботҳои онҳоро иҷро накунад, кишвари ободу осударо ба «вазъияти хатарноки инфиҷорӣ» табдил медиҳанд. Яъне онҳо омода ҳастанд барои ҳокимият як кишвари биҳиштосову шукуфонро оғуштаи хун ва шабеҳи Сурия сохта бошанд. Муҳим расидан ба ҳадаф аст на роҳи он. Ибрози чунин посухҳо моро водор месозад, ки ба ҳар гуфтаи онҳо эътимод накарда, аввал ба мизони андеша кашем.
Дар мавриди “Анҷумани озодандешони тоҷик” андешаи шумо чӣ гуна аст?
“Анҷумани озодандешагони тоҷик” ва роҳбарону аъзоёни фаъоли онҳо аз берун истода бароибоз ҳам дар байни мардум ҳасад андохтан ҳаракат мекунанд. Бо кадом мақсад? Бо мақсади ба даст овардани ҳокимият ва ноустувор сохтани вазъи ҷомеаи имруза мебошад? Равшни Темуриён низ аз зумраи онҳост. Нафрат аз он меояд, ки вай аз номи Анҷумани озодандешони тоҷик садо баланд менамояд. Мо бояд ба суханҳои дурӯғи эшон бовар накарда, барои оромии кишварамон мубориза барем, то ба зери дасти ин душманони қаттол наафтем.
Равшани Темуриёндар яке аз мусоҳибаҳояш Канадаро ватани дуввумаш эълом кардааст, ба ин чӣ гуна баҳо медиҳед?
Чунин матлаберо мутолиа каарда будам. Ба саволи муносибати сарвазири Канада ҷиҳати дастоварди мақоми паноҳандагӣ ба муҳоҷирони тоҷик бо хотири ҷамъ чунин баён доштааст: «...нимаи дуввуми зиндагиам дар Ватани дуввумам Конодои қуввати дилам сипарӣ мешавад». Посухи Равшан Темуриён нишон медиҳад, ки ӯ шаҳрванди комилҳуқуқи Канада мебошад. Баҳри дурӯягон, ки ду ватанро баробар мегузоранду ду модар доранд, ба хоку хун оғушта шудани яке аз он таъсири манфӣ надорад. Онҳо бе ягон мушкилӣ рӯи худро ба тарафи дигар мегардонанд. Шояд аз ҳамин сабаб бошад, ки боҷуръатона теша ба решаи сулҳу ваҳдати миллӣ мезанад. Вагарна иброз намедошт, ки ватани дуввумаш қуввати дилаш аст. Ин аст, симои аслии як тан аз хоинони ваҳдати миллӣ .
Дар хулоса гуфтание доред?
Эй мардум, ҳушёру зирак, хирадманду закӣ бошед, то ҳеҷ гоҳ фирефтаи чунин нохалафон нагардед.
Мусоҳиба бо Салимов Салим таҳлилгар