Ниқобиёни наҳзатӣ !!!
Дар урфият тоҷикони асил мегӯянд, ки “Изои мӯъмин ҳаром”. Новобаста аз ин мақолаи халқӣ наметавонам худдори аз он кунам, ки нисбати нобакорони наҳзатӣ андешаи худро баён созам. Ин разилон, ки бо мақсади ғасби ҳокимияти қонунӣ дини мубини Исломро ба худ ниқоб намуда омодаи куштору террор дар кишвар буданд ва сабабгори асосии ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон мебошанд.
Шиносоӣ бо натиҷаи мизи мудаввар, ки бо иштироки устоди Донишгоҳи Анқара, профессор Саодаттин Коджатурк, Шӯрои донишҷӯёни тоҷик ва Ассосиатсияи тоҷикон дар Туркия охири моҳи сентябри соли равон дар Ҷумҳурии Туркия баргузор гардид, исбот менамояд, ки табақаи бонуфузи уламо ва донишмандон аз воқеияти аслии ҳизби наҳзати ислом бохабаранд. Гуфтаҳои профессор Саодаттин Коджатурк оид ба хизматҳои арзандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати эмин нигоҳ доштани миллат ва давлатро, ки танҳо шахсиятҳои бузурги таърихӣ метавонанд амали намоянд, баҳои холисона ва беғаразонаи олими забондон мебошад. Ин донишманд бо назардошти “хизматҳо” – и нобакоронаи наҳзатиён қайд менамояд, ки амали ин нокасон ба қиршавии зиёда аз 150 ҳазор нафар шаҳрвандони оддӣ мусоидат кардааст ва ба бӯҳрони иқтисодию иҷтимоии давлатдорӣ овардааст. Таъкиди ин олим ҷиҳати истифодаи дин ҳамчун воситаи расидани гурӯҳҳои муғриз ба мақсадҳои нопок амали ношоиста буда ҳатман барои ин аз ҷониби Парвардигор ҷазои сазовор мерасад. Зеро, чӣ тавре, ки файласуфон исбот намудаанд агар дар ахлоқи инсони сифатҳои сулҳҷӯёна ва рӯҳони чӣ қадаре, ки боло бошад онон инсони комил мешаванд. Дар акси ҳол, инсонҳое, ки чунин сифатҳоро доро нестанд ва зери ниқоби дини мубини Ислом нияти расидан ба мақсадҳоинопокро доранд, монанди ҳайвонҳои ваҳшианд, ки барои ғизо бо ҳама талош мекунанд ва баъд аз ба даст овардани тӯъма онҳоро ҳайвони дигар ҷазо намедиҳад. Чунки ин равандро Оллоҳ чун ҷонзоти беақлу бешуур назорат намекунад ва лоиқи ҷазо намедонад. Наҳзатиёнро бошад ҷазои муносиб ҳам аз ҷониби Парвардигор, ҳам аз ҷониби давлатдорон ва ҳам аз ҷониби мардуми оддӣ интизор аст. Дар ин раванд беҳтар мебуд, ки наҳзатиёни нобакор нерӯи худро на барои паҳн кардани тӯҳмату бӯҳтонҳо нисбати Тоҷикистони азиз равона намояд, балки аз даргоҳи Худованд бахшидани гуноҳҳои худро пурсанд.
Мудири кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкологияи МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”, дотсент Собиров М.С.