​Арзишҳои миллиро ҳимоя намоем

Ба ҳамаи моён аён мебошад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роњандозии барномањои мушаххас давлати ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва демократиро асос гузошт. Расидан ба ин мақсадҳо вақт тақозо намуд, ки ба сиёсати ҳориҷӣ аҳамияти алоҳида дода шавад ва он бояд яке аз самтҳои муҳими давлатӣ ҳисобида шавад.Мутаассифона, ҷанги шаҳрвандӣ,ки боиси қурбониҳои зиёди ҷонӣ ва ҳисорати калони иқтисодӣ гашт, харобазориҳо овард монеаҳои зиёд барои расидан ба мақсадҳои олӣ пайдо намуд.

ТЭТ ҲНИ ташкилкунанда ва сабабгори асасиии ҳодисаҳои мудҳишу фоҷиавии солҳои 1990-ум дар Ҷумҳурии азизамон Тоҷикистон мебошад. Дар натиҷаи ҷанги шаҳрванди зиёда аз 150 нафар сокинони кишвар кушта шуда, зиёда аз 1 миллион халқи осоишта фирорӣ гашт. Ба иқтисодиёти кишвар зиёда аз 7 млр доллари ИМА зарар расид.

Бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2015 фаъолияти Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон барои фаъолияти зидди конститутсионӣ ва ҳаракати ташкили табаллути давлатӣ қатъиян манъ карда шуд.

Ба ҳамаи ин мушкилиҳо нигоҳ накарда мардуми Тоҷикистон тавонистем,ки вазъиятро дар кишвар ором намуда,роҳи дурусти тараққиётро гирем.

Имрӯз кишвари ҷонаҷони моро дар ҷаҳон ҳамчун кишвари ободкору созанда медонанд ва қадр мекунанд.Аз ин лиҳоз,мо бояд талошу кӯшишу худро баҳри пешрафту ободонии кишвар равона созем,барои расидан ба ҳадафҳои стратегии миллӣ ва давлатӣ камари ҳиммат бандем.

Намегузорем, ки ғаразгӯёни миллат ба орзуву ниятҳои ғаразноки худ бирасонад ва сулҳу суботи кишварро ноором созад.

Омӯзгори кафидраи нақшакашӣ, геометрияи тасвирӣ ва методикаи таълим Раҷабов Т. Ю.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ