Изҳороти Шӯрои олимони ҷавони ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров
Чандест ки дар расонаҳо масъалаи санаи 3-юми июл посух гуфтани ҳайати Тоҷикистон ба суолҳои Кумитаи ҳуқуқи инсони Созмони милал дар Женева мухолифин мавриди баҳс қарор дода, бо хурсандӣ изҳор медоранд, ки «ин сангинтарин имтиҳон назди созмонҳои байналмилал барои Тоҷикистон буд». Онҳо андеша доранд, киҳайати Тоҷикистон «аз имтиҳон нагузашт». Аммо бояд иброз дошт, ки чун ҳамеша «дӯстону ғамхорони халқи тоҷик» аз гапбофию тӯҳматкунӣ хаста намешаванд ва худро бо андешаҳои ботилашон осуда менамоянду барои шунидани суханони фачу бемағзашон гӯшҳои «холӣ» меҷӯянд. Вале бояд иброз дошт, ки он замонае, ки мардум ин афроди палиду хоинро намешинохтанду ба гапҳои бофтаву сохтаашон бовар менамуданд кайҳо гузаштааст.
Яке аз шахсиятҳои лаъинтарин, хоину қотили миллат Муҳиддин Кабирӣ ба суоли рӯзноманигорон посух додааст, ки ҳайати Тоҷикистон барои суолу ҷавоб ва ё ба қавли мухолифин «имтиҳон» омодагии хубе дидааст. Зимни хондани ин ҷумла дар воқеъ инсон ба ақлу фаросати пасти ин шахс ба ҳайрат меояд. Дарк мекунад, ки ӯ аз ҷавобҳои пухтаву андешамандонаи мардони донои ҳамватан (аслан ӯ оқиватан асту ватане ҳам надорад) ба хашм омадаасту худро чун ҳамеша дармондаву бечора эҳсос кардааст ва аз оташи ғазабу ҳасад кӯшиш намудааст, ки боз афсонаҳои нав ба нави худро офарад. Афсонаҳое, ки ҳатто худаш низ афсона будани онҳоро медонад ва аз ҳама аҷибтар медонад, ки мардум низ афсона будани посухҳояшро медонанд. Мо фикр мекунем, ин як беморӣ аст. Кабирӣ ба мисли бангиҳо, сигоркашҳои ашадӣ бемор аст. Ӯ танҳо дар он сурате, ки як сухани ноҷое зидди миллати тоҷик нагӯяд, осуда намешавад, қарори худро гум мекунад. Ӯ медонад, ки мардуми тоҷик ба суханҳои ӯ умуман таваҷҷуҳ надоранд, ӯро ҳатто инсони соҳибақл намеҳисобанд, вале боз суханҳои обшуставу фачашромегӯяду мегӯяд. Аз гуфтану бофтану туҳмат задан хаста намешавад. Чи хуб мебуд агар мард худро на бо суханҳои беманфиат ва пур аз тухмат муаррифӣ намояд, балки бо кору кирдори нек ба мардум шиносонад.