​Тарбиятгари насли ҷавонону наврасон, омӯзгорон Пешвои мо

Солҳои 2019-2021 соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо фармони сарвари давлат, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, тайин гардида, ба ҷамъияти имрӯза пешравии касбу ҳунарҳои мардумӣ бо кор таъмин гардидани онҳо айни замон буда, барои рушду ободии ҳар як хонадон, маҳал, шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон рӯз аз рӯз ривоҷу равнақ ва ранги дигар ёфта, сол ба сол беҳтар гардида истодааст.

Дар замони зудтағйирёбандаи муосир нақши Сулҳ, Ваҳдат ва пойдории он нисбат ба ҳар вақти дигар аҳамияти хоса ёфта, зеро сулҳу оромӣ муҳимтарин омили рушди аҳли башари Тоҷикистони биҳиштосо мебошад.

Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарамЭмомалӣ Раҳмон, ки миллати тоҷикро аз гирдоби нобудшавӣ наҷот дод ва давлати мутамаддини тоҷиконро бунёд намуд дар суханрониҳои ҳамасола инкишофи ҳаматарафаи иҷтимоӣ-иқтисодӣ, сиёсӣ ва илмию фарҳангии ҷомеаро барои сол аз сол тараққию инкишоф додан вазифагузориҳои амиқ намуданд.

Аҳли халқи меҳнатқарини Тоҷикистонбо Пешвои Миллат фахр намуда, ватани худ Тоҷикистонро дӯст дошта, бо меҳрибаланддасгирӣ намуда мегӯянд, ки“Пешвои Миллатмо бо Шумоем”., “Тоҷикистони офтобрӯйро обод мекунем”. Арҷ гузоштан ба арзишҳои таърихиву фарҳангии миллати куҳанбунёдамон, аз худ намудани илму дониш, касбу ҳунар, навовариву ихтироъкорӣ ва дар арсаи байналмилалӣ ба таври шоиста муаррифӣ намудани давлату миллат вазифаи муқаддасоти мо – наслҳои замони Истиқлолият мебошад, киТоҷикистони азизамонро дар байни мамлакатҳои хориҷа машҳури ҷаҳон мегардем.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ