​Мо ҷонибдори сулҳ!

Дар таърихи субҳи санаи – 10 январи соли 2020 хабари нохуши тирпарронӣ дар марз, воқеъ дар минтақаи наздисарҳадии маҳаллаи Сомониёни ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ аз ҷониби сокинон ва низомиёни Қирғизистон боиси изтиробу нороҳатии мардуми мо гардид, ки мо аҳли омӯзгорони ДДХ ба номи академик Б.Гафуровро низ нигаронӣ кард.

Бояд гуфт, ки мардуми тоҷик аз қадимулайём мардуми меҳмондӯст буд ва бо тамоми мардумони минтақаҳои дигар равобити дӯстиву хешутаборӣ дошт. Аммо бархе аз миллатҳое ҳастанд, ки онҳоро бе шубҳа мардуми иғвогар ном барем хато намхоҳем кард. Агар ба муносибати давлати ҳамсоя Қирғизистон вобаста ба вазъи минтақаи наздисарҳадии маҳаллаи Сомониёни ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ аз ҷониби сокинон ва низомиёни Қирғизистон назар афкамен боиси нигаронӣ ва афсӯз аст. Зеро ин амал аз рӯи инсонигарӣ ҳам қобили қабул нест. Боиси қайд аст, ки ин сеюмин амали иғвогаронаи ҳамсояҳо дар ин минтақа дар даҳрӯзаи аввали соли 2020 маҳсуб меёбад. Агар ин воқеаро объективона баҳо диҳем пас гуфтан мумкин аст, ки амали мазкур аз ҷониби давлати ҳамсоя ноадолатона буда, бояд чораҳои зарурӣ дар сатҳи хукуматӣ қабул карда шаванд. Зеро мардуми осоиштаи минтақаи мо, ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара пас аз ин амалҳо зери хатари ҷиддӣ қарор доранд. Мо кулли коллективӣ омӯзгорони кафедраи умумидонишгоҳии фалсафаи ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров ин масъаларо доими пайгирӣ мекунем ва умедворем, ки муаммои мазкур ҳаллӣ мусбии худро меёбад.

Тураева Д. омӯзгори кафедраи умумидонишгоҳии фалсафа

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ