Осоиштагиамонро ноором накунед
Дар суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи нахустини Шӯрои миллии кор бо ҷавонон омадааст:”Бо мақсади эмин нигоҳ доштани давлату миллат аз таҳдиду хатарҳои замони муосир ҷавонони мамлакатро зарур аст, ки донишҳои сиёсиашонро пайваста мукаммал гардонанд, аз таҳаввулоти босуръати ҷаҳони имрӯза мунтазам огоҳва барои ҳимояи манфиатҳои милливу давлатӣ доим омода бошанд”.
Имрӯзҳо аз расонаҳои ахбор оид ба баргузории конфронси САҲА дар Варшава хондаву шунида дар ҳайрат мондам. Нигоҳи муғамбирона ва айёронаи Кабирӣ аз қафои баромадкунандагон ё модераторони гуруҳ, ки бо тамасхур гӯё ӯ ғолиб аст дар хоби шаб мебинад. Эй “мард”, мо дидем ва шунидем, ки ту бечора дар яке аз баромадҳоят гуфтӣ, ки ман кор надорам, маош намегирам ва соли 2016 пас аз шикаст хӯрдани ҳаммаслаконат огоҳ шудем, ки чӣ қадар давлату, хонаҳову молу мулк дошта ба халқи худат ба зану фарзандонат хиёнат карда номардона пеш аз табадуллот гурехтӣ.
Мардум алалхусус ҷавоно тартиботи ҷамъиятиро вайрон карда дар содир шудани ҷиноятҳои вазнини номатлуб сабаб мегарданд, дар байни ҷавонон ифротгароӣ хатар дорад,.
Имрӯз мо шоҳиди густариши бесобиқаи фаъолияти ҳаракату равияҳои экстремистӣ ва ифратгароии терроризм мебошем, ки боиси ноором кардани ҳаёти оромонаи мардум мебошад.
“Мутаассифона, чунин аъмоли ваҳшатнок бо истифода аз номи ислом сурат мегирад, ки боиси бадномии дини ислом ва мардуми мусулмон мегардад”.
Бале,инсон дар офариниш як аст. Он куштор, равияҳои худкушӣ, террор ва тарконидану вайрон кардани сохтмонҳое, ки аз ҳисоби меҳнати поку софи мардум бунёд шудааст, бо дасти мусалмонҳо барбод шуда истодааст. Наход то ҳол мусалмонҳо ё худ тоҷику Тоҷикистонӣ гап дар мош буднашаро нафаҳмида бошаду аз қафои “мусалмонони ба ном” равона гардаду гуфти онҳоро иҷро намояд.
Мо аз рафтори номардаонаи чунин афрод, нафрат дорем, сухан намеёбем, ки баён намоем.
Мо медонем, ки дини ислом дини ростин аст. Он рафторҳои ношоистае, ки аз тарафи террористон сар мезанаду ба амри маъруфҳои бардурӯғи худ, баъзеашон гӯё “фиристодаи Худо бошанд” бо суханҳои бофтаю бардурӯғи худ мардуми бечораро роҳгум мезанонад. Ин ифротгароён зиндагии осудаи моро дида наметавонанд, онҳо бахил ҳастанд, онҳо кӯрдил ҳастанд, фиребгару мутаҳҳам ҳастанд. Онҳо бо номи “ислом” худро панаҳ мекунанд, нисбати “ислом” хиёнат мекунанд, мардуми бегуноҳро ба он умре ки Худо додааст намемонанд, ки зиндагӣ кунад, бо роҳи фиреб, бо роҳи террор ба марг мерасонанд. Онҳо китоби муқаддаси “Қуръон”-ро нахондаанд ё кӯркӯрона хонда қорӣ азёд кардаанд, маънои ин китоби муққадаси мусалмониро намедонанд.
Мусалмонии ҳар як шахс дар қалбаш, худошиносиаш, хирадмандиаш, инсондӯстиаш, худоогоҳиаш аст.
Мардум имрӯз он мардуми солҳои 90-умиасри гузашта нест. Имрӯз ҳама сафедро аз сиёҳ ҷудо карда метавонад. Суханрониҳои ифродгарон, террористон, экстремистон аллакай қадру манзалати худро гум кардааст, шаҳрвандони Тоҷикистон асли воқеаро медонанд. Чӣ гуна суханбозу суханпардоз ва “бо ниқоб” баромад мекунанд. Ин давлати ободу осоиштаи моро дида наметавонанд.
Ҳайфи ватан, падару модар ва зану фарзанд барои чунин номардон. Тарбия ёфтани фарзандони торрорист ин аз бепарвою ба пулу мол дода шудани падару модарон аст. Наход падару модар бо чӣ корҳо машғул будану аз куҷо маблағ ёфтанашу, бо киҳо ошногӣ доштани фарзандашро надонад?Лаънат ба оне, ки ба давлату миллати худ хиёнат мекунад. Дарҳақиқат онҳо ватан надоранд, онҳо рӯй надоранд, онҳо ору номус надоранд.
Дар ин давраи ниҳоят ҳасос миллати сарбаланди мо, бо мафкураи миллӣ, омӯзиши панду андарзҳои гузаштагонамон, ба эътибор гирифтан ва саривақти будани қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” метавонем фарзандонамонро аз ин хатарҳо дуртар нигоҳ дорем.